«Роҳҳо на танҳо одамон ва минтақаҳои гуногунро ба ҳам мепайванданд ва наздик менамоянд, балки яке аз омилҳои асосии пешрафти тамоми соҳаҳо мебошанд», – чунин тазаккур дод раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-инвест – 2024» дар шаҳри Хоруғ. Ба гуфтаи раиси вилоят, пас аз сохтмону таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Қулма зиндагӣ дар вилоят ранги дигар гирифт, таъдоди воситаҳои нақлиёт, шумораи мусофирон, ҳаҷми боркашонӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ торафт меафзоянд.
Форуми байналмилалии «Помир-инвест – 2024», ки имсол дар он 250 сармоягузори ватаниву хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ширкату корхонаҳо ва корпуси дипломатӣ иштирок карданд, натиҷаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ гардид.
Тавре ба мо аз Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини вазир Фаррух Неъматзода роҷеъ ба татбиқи барномаю лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар самти бунёду таҷдиди роҳу пулҳо зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.
Айни замон ҷиҳати тақвияти рушди соҳаи роҳу нақлиёт 4 барномаи давлатӣ, аз ҷумла Барномаи мақсадноки давлатии рушди маҷмаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2025, Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 мавриди татбиқ қарор доранд.
Тавре Фаррух Неъматзода зикр кард, аз соли 1991 то соли 2023 дар ВМКБ танҳо барои бунёди роҳҳои мошингард 241,3 миллион доллари ИМА ҷалб гардида, 1172 километр роҳ ва 39 пул сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 263,6 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад ва, ҳамзамон, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 680 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Соли 2019 баъди ифтитоҳи қитъаи роҳи Шкев–шаҳраки Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб–Хоруғ–Қулма ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Қалъаихумб–даромадгоҳи Рӯшон шуруъ шуд, ки айни ҳол бо маром ҷараён дорад.
Тавре зикр гардид, ин қитъаи роҳ хеле душворгузар буда, 109 километр дарозӣ дорад ва баъди навсозӣ 16 километр кӯтоҳ гардида, дар маҷмуъ, 92,3 километр роҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.
– Албатта, бо ташкили чунин долонҳо боркашониву мусофирбарии байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Бадахшони кӯҳӣ бамаротиб тақвият меёбад, – гуфт Фаррух Неъматзода.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»