Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масоили занон ва баланд бардоштани мақому мартабаи онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки мақоми занону бонувон дар ҷомеа баланд рафтаву фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррас аст.
Мувофиқи маълумоти Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон теъдоди занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4655 нафар ё 25, 3 дарсадро ташкил дода, аз 5912 ишғолкунандаи мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар занони роҳбар мебошанд.
Ба чунин мартабаи баланд расидани занони тоҷик аз баракати дастгириҳои давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад, ки пайваста аз зарурати таҳсил ва касбомӯзии занону духтарон таъкид менамоянд. Аз ин ҷост, ки чанд иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафт намудани занону духтарон натиҷаҳои дилхоҳ доданд.
КВОТАИ РОҲКУШО
Дар радифи садҳо иқдомоти шоистаи Роҳбари кишвар, яке аз муҳимтарини онҳо ба роҳ мондани Квотаи президентӣ мебошад, ки барои соҳибкасб шудани духтарон, махсусан духтарони деҳот, ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти расмӣ, то ба имрӯз беш аз 12 ҳазор духтар муассисаҳои олии кишварро тариқи Квотаи президентӣ хатм карда, дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда истодаанд. Квотаи президентӣ тавонист орзуҳои ҳазорон духтарони минтақаи дурдасти кӯҳистонро бароварда созад.
ОЗМУНҲО ТАКОНБАХШИ ИЛМУ ДОНИШ
Эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳазорон нафар донишҷӯёнро ба омӯзиш ва таҳсил ҷалб намудааст низ, аз ташаббусҳои навбатии давлату Ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати босаводу соҳибихтисос гардондани занону духтарон мебошад. Махсусан, озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва амсоли инҳо бар он мусоидат менамоянд, ки духтарон низ илму дониш гиранд.
Сол ба сол шумораи иштирокдорон аз ҳисоби духтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар гардида, онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги миллиро шоиста муаррифӣ менамоянд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»