Ҷараёни татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ дар замони истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки масъалаи ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Инъикоси механизми ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Конститутсия ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ далели ин амр буда, тибқи банди аввали моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, ҳимоя ва зери ғамхории махсуси давлат қарор гирифтани кӯдакон дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ инъикоси худро ёфтааст.
Масъалаи ҳифзу нигаҳбонӣ, ташаккули манфиатҳои кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд низ ҳамчун масъалаи меҳварӣ дар аксар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ таҳким бахшида шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки эҳтиром ва дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ, махсусан ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму маъюб, яке аз одатҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Гузашта аз ин, адёне, ки миллати мо дар ростои таърих ба он пайравӣ мекард, бахусус дини мубини ислом, чунин муносибатро яке аз волотарин арзишҳои ахлоқии инсон медонад. Аз ин рӯ, бе дахолати ҳеҷ як ниҳоди ҷаҳонӣ ва таъсири ҳеҷ як санади ҳуқуқии байналмилалӣ таҳким бахшидани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар қонунгузории миллӣ ҷойгоҳи арзанда касб кардааст. Ин аст, ки дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Барои тафсири ин меъёри ҳуқуқӣ зарур аст, ки қаблан аз лиҳози ҳуқуқӣ мафҳумҳои «кӯдаки ятим» ва «кӯдаки маъюб»-ро мавриди таҳлил қарор бидиҳем. Мутобиқи муқаррароти моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» кӯдаки ятим гуфта, кӯдаке дар назар дошта мешавад, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд. Зери мафҳуми «кӯдаки маъюб» бошад, аз рӯи нишондоди ҳамин санади ҳуқуқӣ кӯдаке фаҳмида мешавад, ки «дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад».
Давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони бепарастору ятим ва маъюб мақоми асосиро доро мебошад. Таҷрибаи зиндагӣ борҳо нишон додааст, ки баъзе оилаҳо дар таълиму тарбияи кӯдакони маъюб ва бархе аз хешу ақрабо дар таъминоти моддию маънавии кӯдакони ятиму бепарастор вазифаҳои муқарраршудаи худро дуруст иҷро карда наметавонанд. Аз ин сабаб, давлат дар ҳама ҳолатҳо чун ҳимоятгари манфиатҳои ин қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ баромад мекунад.
Дар моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» чунин оварда шудааст: «...ба кӯдакони ятим ва бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда шудаанд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё карда мешавад. Дар ин муассисаҳо кӯдак ба таъминот, таълиму тарбия, рушду камоли ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибор, таъмини манфиатҳои худ, ҳифзи забони модарӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳуқуқ дорад». Ин меъёри ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки кӯдакони ятиму бепарастор мисли дигар кӯдакон дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ мақоми баробар доранд. Онҳо низ чун созандагони ояндаи Ватан, метавонанд аз имкониятҳои таълимию фарҳангии мамлакат истифода намоянд. Барои ятим будани кӯдак фарқият гузоштан бо дигар кӯдакон, амали нодуруст мебошад, зеро чунин рафтор ба руҳу равони кӯдакони ятим таъсири манфӣ мерасонад. Давлат манфиатҳои моддии кӯдакони ятимро дар асоси қонунгузории кишвар ҳифз мекунад. Масалан, маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба кӯдакони маъюб низ қонунгузор меъёрҳои хосро пешбинӣ намудааст. Тавре дар моддаи 45 Қонуни мазкур омадааст: «Табъизи кӯдак бинобар маъюб буданаш манъ аст». Ҳамзамон, дар моддаи 46 доир ба кафолатҳои давлатӣ оид ба шароити зист ва машғулияти кӯдакони маъюб сухан рафта, аз ҷумла чунин муқаррар гардидааст: «Давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кӯдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф бо назардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ӯ додани кумаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кӯдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ӯ муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад». Яъне давлат дар баробари дастгирии рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти маънавии кӯдакони маъюб, инчунин, манфиатҳои моддии онҳоро низ аз мадди назар дур намемонад.
Фаротар аз барномаҳои давлативу санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгириву ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму маъюб қобили тавсифу пайравист. Тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамагон шоҳиди он ҳастанд, ки ба муносибати ҷашну идҳои сиёсию давлатӣ ва фарҳангию динӣ Пешвои миллат аввалин шуда, ба аёдати ятимону маъюбон мераванд ва аз вазъи зиндагию ҳолати равониашон шахсан бохабар мешаванд. Пас, бо итминон гуфта метавонем, ҳеҷ як кӯдак дар Тоҷикистон бепарастор нест, зеро пуштибони онҳо Пешвои муаззами миллат ва парасторашон давлат аст.
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ