Дар доираи марҳалаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» байни Вазорати нақлиёт ва Ширкати итолиёвии “FRED Engineering S.R.L” оид ба хизматрасонии машваратӣ барои дастгирии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи амал барои солҳои 2024-2034 Созишнома имзо шуд.
Аз Вазорати нақлиёт ба мо иттилоъ доданд, ки Созишномаро аз ҷониби фармоишгар вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда директор оид ба рушди Ширкати “FRED Engineering S.R.L” Франсиско Рейна ба имзо расонданд.
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии Корея ва Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Тошкент Форуми марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт, ки дар он муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода сухан ронд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар Форум таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи «Осиёи Марказӣ+Корея», инчунин, таҳияи пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, масъалаҳои об, иқлим, илм ва маориф) мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор шуд.
Тавре ба мо дар Вазорат тавзеҳ доданд, дар ҷаласа масъалаи қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор баррасӣ гардид. Ҳамчунин, дар кори ҷаласа ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ
Дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж–2024 дар шаҳри Париж раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳамоҳангсози қитъавии Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамбастагии олимпии Осиё Эдвард Кенсингтон мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд баррасӣ гардид
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, вобаста ба соҳаҳои амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мудирияти ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули афкор анҷом доданд.
Тавсеаи равобит байни Тоҷикистон ва Туркия
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Нуҳ Йилмаз сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гуловро ба ҳузур пазируфт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи онҳоро баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва дурнамои рушди онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Пешниҳоди 11 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ ба Феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО
Ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон 11 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод намуд.
Ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.