– Ба истифода додани иншооти хурду калони таъиноти гуногун боиси боз ҳам афзудани иқтидори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Рӯшон гардид. Сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун, амалӣ гардондани барномаҳои давлатӣ дар тамоми соҳаҳо корҳои муайянро ба иҷро расонданд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои микроиқтисодии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд, – иброз дошт Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Рӯшон.
Раиси ноҳия афзуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи даромадҳои худӣ 102,5 дарсад таъмин гардид. Сарфи назар аз ин, дар фаъолияти сохторҳои марбута камбудиҳо низ ҷой доранд. Яке аз манбаъҳои асосии афзунгардонии буҷети ноҳия таъмини иҷрои буҷети ҷамоатҳои деҳот ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳои иқтисодиву молиявӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 нишон доданд, ки даромади худии буҷет нисбат ба маблағҳои мутамарказ ҳанӯз ночиз буда, 22 дарсади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи нозироти андоз, дар маҷмуъ, 1738 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ сабт ва ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 3 миллиону 46 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд.
Саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули ҳаҷми истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо мунтазам афзуда, дар ин давра 92,7 дарсадро ташкил дод.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода мешавад. Ин аст, ки маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 23 миллиону 547 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли рафта 969 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1602 га кишти зироатҳо гузаронда шуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия 63 гармхонаи мавсимӣ бо масоҳати умумии 30992 метри мураббаъ вуҷуд дорад.
Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии инфрасохтори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи сардори қитъаи беҳдошти замин, корҳои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои Таговҷангал ба масофаи 654 метр, соҳилбандӣ дар мавзеи дашти Барзуд ба масофаи 386 метр анҷом ёфтанд. Инчунин, каналҳои ҳудуди деҳоти Н. Додхудоев, Рӯшон, М.Абдулвасиев ва Пастхуф бо усули ҳашар тоза карда шуданд.
Тайи солҳои охир шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ пайваста меафзояд. Дар ноҳия 5 корхонаи нави саноатӣ – ҶДММ “Амоч”, ҶДММ “Надим”, ҶДММ “Санобод-сохтмон”, “Рӯшон Пласт”ва “Неъматҳои Рӯшон” бо 18 ҷойи корӣ таъсис ёфт. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи энергетика 62,4, соҳаи хӯрокворӣ 15,1, саноати сабук 5,1 ва дигар соҳаҳо 17,4 дарсадро ташкил медиҳад.
Айни ҳол Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2021-2025-ум 61 лоиҳаро бо маблағи умумии 83 миллиону 365 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Дар доираи Барнома то охири сол татбиқи 10 лоиҳа ба маблағи 32,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гаштааст.
Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ корҳои муайянро анҷом доданд. Таъмири роҳҳо дар ҳудуди ноҳия идома дошта, як қисми роҳи Бартанг тармим ва барои ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм мувофиқ карда шуд. Дар ин давра барои таъмири роҳҳо 194,7 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Дар қисми роҳи байналмилалӣ масофаи 211 километр ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ баромад.
Яке аз маъракаҳои муҳимтарини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 мебошад. Баҳри иҷрои қарори раиси ВМКБ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» корҳои омодагӣ идома доранд. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 бо бақияи соли гузашта дар ноҳия 517 тонна ангишт ва 30 мукааб ҳезум захира шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 455 тонна ангишт зиёд мебошад.
Сарвари давлат таъкид менамоянд: “Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад”. Ин ҳадафи олии давлату Ҳукуматро мо, сокинони ноҳияи Рӯшон, сармашқи кори худ қарор додаем, – гуфт раиси ноҳия.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”