207 медали варзишгарон дар шаш моҳ
Дар нимаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ 569 варзишгар, аз ҷумла 108 варзишгардухтар ба 28 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши кишвар 207 медал – 55 тилло, 52 нуқра, 103 биринҷӣ ворид карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 67 медал зиёд мебошад.
Тавре Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 49 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 35 майдонча, 12 толори варзиш, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Умуман, ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар кишвар 10934 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7601 майдонча, 2251 толор, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю марказҳои варзишию солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.
ФУТБОЛ
Мавсими нави Лигаи ҷавонони Тоҷикистон “Пешсаф” оғоз мешавад
7-уми август қисми ниҳоии мусобиқаи Лигаи ҷавонони Тоҷикистон “Пешсаф” миёни бозигарони то 18-сола оғоз мешавад. Дар чемпионат 8 даста иштирок мекунад: «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Эсхата» (Хуҷанд), МҶМОВ, КМВА, «Душанбе» (ҳама аз Душанбе), МДМВ «Ёқут» (Ваҳдат), МДМВ (Ҷайҳун) ва «Равшан» (Кӯлоб).
Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар ду марҳала баргузор мешавад. Дар маҷмуъ, аз рӯйи натоиҷи мусобиқоти Лигаи ҷавонони Тоҷикистон “Пешсаф” (U-18) ҳар даста 14 бозӣ анҷом медиҳад.
Мусобиқаи Лигаи ҷавонони Тоҷикистон “Пешсаф” миёни бозигарони то 18-сола бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) баргузор мешавад.
МУДИРИЯТ
КБО мизбони Бозиҳои олимпии зимистонаи солҳои 2030 ва 2034-ро интихоб кард
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпӣ соли 2030 дар Алпи Фаронса ва соли 2034 дар Солт-Лейк Сити ва Ютаи ИМА доир хоҳанд шуд. Дар ин бора иҷлосияи 142-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Париж қарор қабул кард.
Президенти КБО Томас Бах дар мавриди мизбони 26-ум Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпӣ гуфт: "Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор бори дигар содиқ будани худро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии соли 2030 тасдиқ карданд. Мо ба Фаронса боварии комил дорем, ки Бозиҳои зимистонаи олимпиро бо ҳамон эҷодкорӣ, хаёлот ва маҳорате, ки мо ҳоло дар Париж-2024 мебинем, мегузаронад".
Президент Макрон дар навбати худ гуфт: "Давлати Фаронса ба ташкили ин бозиҳо саъй дорад. Париж-2024 бомуваффақият хоҳад буд ва ҳамин чиз барои Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпӣ дар соли 2030 дахл хоҳад дошт”.
Дар мавриди Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии соли 2034 гуфта шуд: “Солт-Лейк-Сити ва Юта дӯстони деринаи ҳаракати олимпӣ ҳастанд ва мо итминон дорем, ки онҳо мисли солҳои пеш бозиҳои истисноии олимпӣ ва паралимпӣ ташкил хоҳанд кард. Мероси соли 2002 дар Юта ба таври назаррас ва дилчасп мавҷуд аст, ки соли 2034 истифода мешавад”.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”