Тағйирёбии иқлим барои сайёраи Замин дар солҳои охир ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфта, гармшавии ҳарорати ҳаво, афзудани чангу ғубор дар фазо ва обшавии босуръати пиряхҳо сабаби халал пайдо кардани тавозун дар муҳити зист гардидааст. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, 80 дарсади чангу ғубор ба фазои кишвари мо аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Туркманистон, Эрон, Ироқ, Арабистони Саудӣ ва аз шимолу ғарби ҳудудҳои хушкидаи баҳри Арал ҳангоми тӯфонҳои регӣ ва бодҳои сахти биёбонӣ ворид мегардад.
Чангу ғуборе, ки аз Арал меояд, намак ва дигар моддаҳои зудҳазм дошта, боиси обшавии босуръати пиряхҳо мешавад. 20 дарсади чангу ғубор дар худи ҷумҳурӣ дар натиҷаи боришоти кам, хушк шудани замин, шамолҳои сахт, афзудани партовҳои саноатӣ дар ҳаво ва дигар омилҳо ба вуқуъ меояд. Дар илми муосир барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим аз нестшавӣ дар ҷойҳои мувофиқ шинондани дарахтону буттаҳо ва ҳифзи ҷангалзор аз зарурати навбати аввал дониста мешавад.
Хушбахтона, дар ҷануби мамлакат мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” мавҷуд аст, ки туғайзорҳои он дар шароити тағйирёбии иқлим барои экосистемаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Мадиброн Саидзода, коршиноси масоили ҷангал, дарахтони ҷангали туғайи мамнуъгоҳ дар намии зиёд месабзанд ва дар ҳолати хушкӣ ҳам сабзиши худро давом медиҳанд. Ин дарахтон дар давраи хушк будани ҳаво метавонанд намии заминро, ки обҳои зеризаминӣ дар он зиёд аст, гирифта ба ҳаво диҳанду ҳаворо намнок, яъне салқин нигоҳ доранд. Дар давраи камобӣ ё хунукӣ онҳо метавонанд бухоршавии обро нигоҳ доранд.
– Ҷангалҳо на танҳо барои зистани парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ хизмат мекунанд, балки барои беолоишии ҳавои атмосфера ва нигоҳ доштани мувозинати табиат аҳамияти бузург доранд. Бахусус, шамол ва хокборишҳоеро, ки солҳои охир зиёд ба амал меоянд, мегардонанд, – мегӯяд ҷангалбон Исроил Шотиров.
Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, ҷангали туғайи “Бешаи палангон”, ки паҳновар ва хеле зич аст, барои экосистемаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ба он наздик бисёр муҳим аст.
“Аз ҷиҳати гуногунии биологӣ ҷангалҳои туғайӣ ҷангалҳои бой ба шумор мераванд. Онҳо чи аз ҷиҳати гуногунии рустаниҳо ва чи ҳайвонот бениҳоят ғанӣ ҳастанд. Дар ҷангалҳои туғайи мо зиёда аз 450 навъи рустании дараҷаи олӣ месабзад. Дар биёбонҳояш 120 намуди дарахт мерӯяд”, – зикр кард Мадиброн Саидзода.
Дар баробари ҳифзу нигаҳдории табиати бойи “Бешаи палангон”, солҳои охир дар ин ҷо ниҳолу буттаҳои ба обу хоки ҷангал мутобиқ бештар шинонда мешаванд.
– Ҳар сол дарахт мешинонем, аз ҷумла саксаул, патта ва санҷид. Дар ин минтақа сабзондани санҷид душвор аст, вале саксаул мутобиқ мебошад. Мо дар қитъаи 21, яъне дар даромадгоҳи минтақаи Палвонтуғай зиёда аз 1000 бех саксаул шинонда, боғ бунёд кардем. Шинондани саксаулро аз соли 2011 оғоз кардем, – мегӯяд И. Шотиров.
Воқеан, яке аз роҳҳои таъсирбахши пешгирӣ аз чангу ғубор ва гармшавии ғайримуқаррарии ҳаво зиёд шинондани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз ва калон кардани масоҳати буттазору ҷангалҳо мебошад. Ҳазорон бех дарахтони умрдароз ва қадбаланди тӯс, сӯзанбарг, чалғӯза, чинор, бед, сафедор ва булутро, ки чангу ғубори зиёдро нигоҳ медоранд, бояд дар тамоми мамлакат шинонд. Васеъ кардани боғоту токзорҳо ҳам ба манфиати кор аст. Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро ба тасвиб расонд. Тибқи он, дар марҳалаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион ва то замони анҷоми Барнома зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонда мешавад. Мурод аз ин иқдом пешгирӣ аз офатҳои эҳтимолии раванди тағйирёбии иқлим ва барои солҳои тулонӣ чун як сарзамини баҳри кору зиндагонӣ роҳатфизо боқӣ мондани Тоҷикистон аст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”,
Исмоили СОҲИБНАЗАР,
рӯзноманигор – табиатшинос