Дар Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон доир мешавад
6-уми август дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2-юми августи соли 2024, №540 “Дар барои баргузор намудани нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ”, ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гашт.
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зикр намуд, ки чорабинии мазкур аввалин маротиба дар пойтахти кишвари мо баргузор гардида, аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштигирӣ бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва талошҳои Федератсияи гӯштигирии Тоҷикистон нахустин маротиба рӯзҳои 28-31-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба ин чорабинӣ матраҳ гардида, ба дастандаркорон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар робита ба ин, 9-10-уми август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи «Ҷоми раиси Федератсияи гӯштингирӣ» баргузор мешавад. Дар он мардҳо дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг, 95 кг, +95 кг ва бонувон дар вазнҳои 52 кг, 70 кг ва +70 кг зӯрозмоӣ мекунанд. Варзишгароне, ки ҷои аввалро сазовор мешаванд, ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии гӯштигириро пайдо менамоянд.
ФУТБОЛ Ҷоми Мердека-2024
Лубнон – ҳарифи аввали мунтахаби Тоҷикистон
Маросими қуръакашии 43-юм Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека» баргузор шуд.
Дар даври нимфинал тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари давр тимҳои Малайзия ва Филиппин қувва месанҷанд. Ин зӯрозмоиҳо 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Ғолибони даври нимфинал дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Бозиҳои ниҳоӣ 8-уми сентябр доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон ғолиби феълии Ҷоми Мердека мебошад. Соли гузашта дастаи мо дар финали мусобиқа бар дастаи яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.
Чемпионати Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад
9-уми август бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ, пас аз танаффуси якмоҳа, аз сар гирифта мешавад.
Дар даври сездаҳум, ки 9-11-уми август ба нақша гирифта шудааст, “Барқчӣ” бо “Истаравшан”, “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” (9-уми август), “Истиқлол” бо “Вахш”, “Ҳосилот” бо “Хуҷанд” (10-уми август) ва КМВА бо “Эсхата”, “Панҷшер” бо “Равшан” (11-уми август) вомехӯранд.
ҶУДО
Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-Макао як нафар намояндагӣ мекунад
10-11-уми август дар Макаои Чин Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Дар мусобиқа миёни наврасон 80 варзишгар аз 11 давлат ва миёни ҷавонон 110 варзишгар аз 14 давлат ширкат хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро дар зӯрозмоиҳо миёни ҷавонон Икром Шамсов дар вазни -60 кг намояндагӣ мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”