НОМАҲОИ МОДАР
Он солҳо телефонҳои мобилӣ набуд ва модарам бароям нома менавишт. Ман донишҷӯ будам, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ. Духтур шудан мехостам. Ин орзуи на танҳо ман, балки аз падару модарам низ буд. Даврони донишҷӯиам ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Почта ҳам кор намекард, номаҳои модарамро, асосан, ҳамдеҳагонам, ки ба шаҳр барои кор ё таҳсил меомаданд, ба ман мерасонданд. Ҳамроҳи номаҳо модарам барои ману бародарам кулчаҳои ширмол, гандуми бирён ва дигар анвои хӯрданӣ мефиристод.
Номаҳои модарам мисли дили ӯ гармии хосе доштанд. Ҳусни хаташ ҳам хеле зебо буд. Модарам муаллима буданд, ба хонандагони синфҳои поёнӣ дарс мегуфтанд. Зебоии ҳусни хаташ шояд аз ҳамин ҳисоб буд. Дар деҳа соҳиби обрӯву эҳтироми хос ҳам буданд. Шогирдони зиёдеро тарбия мекарданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо ӯ шогирдонаш чун гул мешукуфтанд ва модарамро ба оғӯш гирифта, мебӯсиданд. Дар хурдсолӣ номи ӯро ман то дергоҳ дар ёд нигоҳ дошта наметавонистам, чунки ҳама ба ӯ «муаллима» гӯён муроҷиат мекарданд ва ман ҳам гумон мекардам ин номаш аст.
Модарам дар номаҳояш пайваста маро насиҳат мекард. Суханҳояш ҳама панду ҳикмат буданд. Панду ҳикматҳои бузургон ва оне, ки худ дар зиндагӣ омӯхтааст. Дар ҳар нома ба роҳи рост рафтану илм омӯхтанро ба ман таъкид мекарданд. Суханонаш ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд: «Хон, духтарам, хон, аммо духтари тоҷик буданатро фаромӯш накун. Боиффат бошу беҳаё нашав. Бо роҳи рост рав, обрӯи падару модаратро нигоҳ дор. Танҳо фикри хонданатро кун, ба пулу моли дунё дил мабанд».
Боре ӯ худаш ба хабаргириамон омад. Деҳи мо аз пойтахти кишвар дар масофаи чорсад километр ҷойгир аст. Душвориҳои зиёдро пушти сар карданаш лозим омад. Ҳамон вақт ҳам бароям нома овард. «Баъд мехонӣ» гуфту онро ба дастам дод. Ман хурсанд шудам, ҳам аз омаданаш, ҳам аз нома. Номаҳои модарамро дӯст медоштам, чунки онҳо маро ҳушдор медоданд, то дар ҳавову ҳавасӣ ҷавонӣ гирифтор нашавам ва ҳам дурии волидонаро ҳис накунам. Дар шаҳри бароямон ноошно, номаҳо ягона воситаи васли ман бо наздиконам буданд. Онҳоро мехондаму худро дар иҳотаи аҳли хонавода ҳис мекардам.
Имрӯз ҳам вақте муштоқи он рӯзҳо мешавам, номаи модарамро мехонам ва симои ӯ пеши назарам ҷилвагар мешавад. Ӯ зани хеле ҷиддӣ ва камгапу сахтгир буд. Ман ҳеҷ гоҳ ӯро бекор надидаам. Ҳатто дар фасли сармо низ машғулиятҳои худро дошт. Зери бухорӣ пахтаҳоро мулоим карда, аз пунбадонаашонро ҷудо менамуд. Пахтаи тозаро барои болишту кӯрпача истифода мекард, пунбадонаро ба говҳо медод, то ки ширашон зиёд шавад. Барои аҳли хонавода ҷуроб мебофт, гулдузӣ мекард. Гулдӯзиҳояш имрӯз ҳам хонадони маро зеб медиҳанд. Пайваста китоби бадеӣ мехонд ва моро низ ба ин кор ташвиқ мекард. Доимо воқиф аз он мешуд, ки кадоме аз пирони деҳ бемор асту муштоқи оши бурида ё гармоба. Паёмрасони модарам дар ин гуна ҳолатҳо ман будам. Ёд дорам, боре табақи оши буридаро дар роҳ чаппа карда, афтондам. Гирён ба хона омадам. Аввал сахт ҷангам карду баъд хандида гуфт: «Беақл манам, ки ба дасти кӯдак табақи вазнинро додам. Ин даъфа худам мебарам, боке не».
Номаҳои модарам дар давоми таҳсил роҳнамои ман буданд ва баъдан дар зиндагии мустақилонаам ҳам. Ҳар гоҳе душворие пешорӯям меомад, суханҳои навиштаи модарро ёд оварда, роҳи дурустро интихоб мекардам. Имрӯз ҳам, ки худ модар ҳастаму духтари қадрас дорам, он номаҳо роҳнамои мананд. Акнун ман ба духтарам, ки донишҷӯ асту дар роҳи дур таҳсил дорад, мисли модарам нома менависам. Аз телефони мобилӣ истифода намебарам, чунки мехоҳам духтарам ҳам мисли ман он номаҳоро ҳифз кунад. Ба воситаҳои пешрафтаи техникӣ нигоҳ накарда, барояш нома менависам, чунки мехоҳам онҳо на танҳо дар овони ҷавонӣ, балки тамоми умр ҳамсафараш бошанд. Бовар дорам номаҳои ман ҳам духтарамро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд ва дар зиндагиаш ёрӣ мерасонанд.
Зулхумор ХАЛИЛОВА, омӯзгори Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб