Таҳти ин ном, бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва 33-юм солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гашт.
Дар он Зулфиқор Гулаҳмадзода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Маликшо Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Руқия Қурбонова – собиқадори соҳаи меҳнат, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила иштирок намуданд.
З.Гулаҳмадзода зимни сухани ифтитоҳӣ дастоварди таърихии варзишгаронамонро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ёдрас карда, масъулони соҳаи варзиш ва варзишгарони кишварро ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ки ҳар сол 10-уми август ҷашн гирифта мешавад, самимона шодбош гуфт.
Зикр гардид, ки баъди бадастовардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву танумандӣ ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол моҳияти нав пайдо кард. Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам омадааст.
СУҒД. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ТАНТАНА ДОШТ
7-уми август дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи варзишгарон (10-уми август) чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода варзишгарон, собиқадорони соҳа ва ҳаводорони варзишро табрик намуда, таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонони варзишгар иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
– Сокинони вилояти Суғд, хосса ҷавонон, варзишро гарави саломатӣ дониста, ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Воқеан, муносибати ҷомеа ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтар шуда, иштироки фаъолонаи сокинон дар чорабиниҳои варзишӣ аз мавқеи ояндабинии мардум ва ҷонибдории онҳо аз тарзи ҳаёти солим дарак медиҳад, – иброз намуд раиси вилоят. – Заҳмати варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳа ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр шуда, ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди тамрин тадбирҳои судманд меандешанд, – афзуд Р.Аҳмадзода.
Ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Суғд, мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят зиёда аз 2900 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 49-тоаш варзишгоҳ, 2000 майдончаи варзиш, 640 толори варзиш, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.
Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят беш аз 150 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 109 майдончаи варзиш, 36 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 корти теннис ва 2 маҷмааи варзишӣ ба маблағи 69 миллиону 322 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва сарчашмаҳои дигар бунёд ёфтанд, ки дар пешбурди фаъолияти варзишгарон, нигаҳдории сиҳатии омма ва беҳбуди зиндагии мардум, бахусус ҷавонон, мусоидат мекунанд.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзиш, 1 мактаби варзишӣ, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд.
Баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судбахш амалӣ мешаванд. Ташкили мусобиқаҳои вилоятӣ аз рӯи намудҳои футбол, шоҳмоту шашка, тенниси рӯйи миз ва волейбол миёни варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони он барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд яке аз чунин чорабиниҳост. Дастаи мунтахаби вилоят, ки аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дар ҳайати 1910 варзишгар таъсис ёфтааст, дар 54 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 303 медали тилло, 378 нуқра ва 402 биринҷӣ шарафёб гардид. 469 варзишгар ба 21 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гашта, ба гирифтани 320 медал – 144 тилло, 78 нуқра ва 98 биринҷӣ мушарраф шуд.
Фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои шоиста ба варзишгарон аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Сарвари давлат сарчашма гирифта, имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, унвонҳои баландро соҳиб мешаванд. Аз ҷумла, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев аз рӯйи намудҳои ҷудо ва бокс дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҷойҳои ифтихориро сазовор шуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”