Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба мақомоти прокуратура 20 ҳазору 210 муроҷиат ворид гашта, ҳуқуқу манфиатҳои 1660 шаҳрванд ҳифз гардиданд. Дар ҳамин давра ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо оид ба замин аз ҷониби мақомоти прокуратура 4970 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд, 2,5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор гашт. Ҳамчунин, 17 ҳазору 863 гектар қитъаи замини ғасбшуда ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки дар давраи ҳисоботӣ прокуророн дар баррасии 4950 парвандаи ҷиноятӣ ва 6236 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок карда, ба санадҳои судӣ 479 эътироз оварданд. Инчунин, ба судҳо 650 даъво ба маблағи 210 миллион сомонӣ пешниҳод шуда, аз ин 488 даъво ба маблағи 150 миллион сомонӣ баррасӣ ва қонеъ гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ
СУДИ ОЛӢ
Дар 6 моҳи соли равон 94303 парванда баррасӣ гардид
Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби судҳо, дар маҷмуъ, 94303 парванда баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 24611-то зиёд мебошад.
Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 6811 парвандаи маданӣ, 21332 парвандаи оилавӣ, 5928 парвандаи ҷиноятӣ, 48931 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 4416 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3096 пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор мебошанд.
– Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи ҳама намуди парвандаҳо нисбат ба 21340 нафар ба маблағи 4 миллиону 653 ҳазору 676 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд, – гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.
Шодмон АБДУРАҲИМ
Тоҷикистон дар индекси байналмилалии шаффофияти буҷет 33 хол гирифт
Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорат 70 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин теъдод 16 адад бо қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ гардид ва 54 санади меъёрии дигар дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.
Дар доираи фаъолияти Вазорати молия бо мақсади беҳтар намудани мақоми кишвар дар радабандиҳои ҷаҳонӣ, хусусан дар индекси байналмилалии шаффофияти буҷет корҳои муайян ба анҷом расонда шуданд. Дар ин росто, тибқи баҳогузории коршиносони мустақил дар соли ҷорӣ, Тоҷикистон дар индекси байналмилалии шаффофияти буҷет 33 холро соҳиб шуд, ки он нисбат ба баҳогузории қаблӣ ду маротиба болотар аст (баҳогузории соли 2021-ум 16 хол буд).
Зикр шуд, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра дар доираи нақшаи пешбинигардида ва иҷрои воқеии даромадҳои буҷет амалӣ шуда, ба соҳаҳои иқтисод зиёда аз 20 миллиард сомонӣ равона гардид. Хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,9 миллиард сомонӣ интиқол ёфт, ки он 49,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил менамояд.
Барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 4,9 миллиард сомонӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти нафақа 2 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба маблағи 366,8 миллион сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 196,3 миллион сомонӣ ва идрорпулӣ 69,3 миллион сомонӣ пардохт карда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
КУМИТАИ АНДОЗ
Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҷумҳурӣ таъмин шуд
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дохилӣ ба буҷети давлатӣ 9 миллиарду 836,6 миллион сомонӣ (106,7 дарсад) ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Нусрат Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод. Иҷрои нақшаи муайяншудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин шуд.
Таъкид гашт, ки новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва содаю қуллай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳоло ҳам баъзе аз субъектҳои хоҷагидор ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Дар ин давра, дар маҷмуъ, 10,5 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 188 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 201, 6 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Аз бунёди 30 синфхонаи иловагӣ то 152 ҳолати ғасби замин
Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 18, 19, 77, 111 ва 138, 30 синфхонаи иловагӣ барои 1322 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони биноҳои иловагӣ ва синфхонаҳо дар назди 18 муассисаи таълимӣ идома дорад. Биноҳои иловагӣ дорои 161 синфхона ва 4025 ҷойи нишаст мебошанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан мушкилии норасоии ҷойи нишаст бартараф мегардад.
Барои иҷрои ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ соли гузашта Муассисаи давлатии дӯзандагии “Чевар” ташкил гардид. Соли равон корхона тибқи дурнамо, бояд 45 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол намояд. То имрӯз 15 ҳазор либоси мактабӣ омода шуд, духти либосҳо идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ 184 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз 284,8 миллион сомонӣ расонданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 37 миллиону 575 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Тайи шаш моҳи соли равон дар ноҳия 152 ҳолати қонуншикании замин дар майдони 23,37 гектар ошкор гардид. Нисбат ба 130 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 86700 сомонӣ ҷарима шуд. Ба гуфтаи Абдуғаффор Ҳикматуллозода, дар ин давра аз 184 корхона 17-тоаш бо сабаби куҳнаю фарсудагии таҷҳизот ва ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома фаъолият накард.
Кароматулло АТО