Пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе сол ба сол ободу зебо мегардад. Ҳама ҷо сабзу гулпӯш, кӯчаю хиёбонҳои васеъю замонавӣ ва боғу гулгаштҳои руҳафзо сокинон ва меҳмонони пойтахтро мафтун кардааст. Дар соҳаи роҳу нақлиёт низ пешравӣ ба назар расида, махсусан фаъолии автобусу троллейбусҳо ва электромобилҳои нав дар ҳар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, мушкили рафтуомади сокинонро бамаротиб осон кардаанд.
Бо вуҷуди ин, тавре ба мушоҳида мерасад, дар фаъолияти баъзе аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, бахусус таксиҳо, камбудиҳои ҷузъии ҳалталаб ҳанӯз ҳам кам нестанд. Қисме аз чунин камбудиҳо, хосса ҳангоми тамбашавии роҳҳо дар як вақти муайяни рӯз, боз ҳам рӯшантар мушоҳида мешаванд. Аввал ин ки гурӯҳи ронандаҳо шояд аз сабаби зиёд сарф накардани вақташон дар соатҳои тамбашавӣ аз хизматрасонӣ худдорӣ мекунанд?! Ин ҳам дар ҳолест, ки мусофирон маҳз дар чунин лаҳзаҳо ба хизмати онҳо ниёзи бештар доранд.
Мушкили дуюм, ин аз ҷониби ронандаҳо дуруст надонистани харитаи роҳ мебошад. Одатан мусофирон ҳангоми ба таксӣ нишастан суроғаи муайянро пешниҳод мекунанд, мутаассифона, дар бисёр маврид ронандаҳо суроғаро дақиқ надониста, аз пайи ҷустуҷӯи он мешаванд, ки дар натиҷа, ҳам вақт талаф мешавад ва ҳам ба роҳкиро маблағи зиёдатӣ зам мегардад.
Меҳрона Рустамзода, сокини пойтахт, дар тақвияти андешаи мавриди назар чунин гуфт: “Одатан барои ба донишгоҳ рафтан аз автобус истифода мебарам. Вале рӯзе, ки имтиҳон доштам, хостам каме барвақттар ҳозир шавам. Аз ин рӯ, аз таксӣ истифода бурдам. Ғайриинтизор муомилаи ронанда на танҳо маро қонеъ накард, балки ҳолати бароям ғайричашмдоште рух дод: ронандаи сахт бахашмомада баъд аз фурсате ҳаракат кардан, ногоҳ мошинашро нигоҳ дошту ба рӯям нигоҳ ҳам накарда, арз намуд: “То маркази савдои “Садбарг” тамбашавии нақлиёт зиёд аст, фаромада пиёда равед, тезтар мерасед”. Ростӣ, аввал амри ӯро шӯхӣ пиндоштам, вале, дар ҳақиқат, маро ба фаромадан водор сохту садои мошинашро чанд бор баланд карда, аз рӯи роҳи калон ба қафо гашт. Аз ин ҳолат бисёр нороҳат шудам, зеро ҳеҷ боварам намеомад, ки ронандаи таксӣ нисбат ба мизоҷ чунин рафторро раво мебинад.
“Ҷабрдида”-и дигар Лайло Бобоева, ки низ сокини пойтахт аст, то ҳадде норозии худро бо чунин як далели аҷиб тасдиқ кард: "Бо мақсади нороҳат нашудан дар гармои тобистони имсола таксӣ фармоиш додаму хостам маро тезтар то маркази савдои “Ашан” барад. Мутаассифона, аз байн беш аз ним соат гузашт, аммо мо ҳеҷ не, ки ба ҷойи даркорӣ расем. Аҷибтараш ин ки бо гузашти боз чанд дақиқа ронанда аз ман мепурсад: “Ашан” дар кадом тараф аст, апа?" Ин ҳолат ба назар ҳам хандаовар менамуд ва ҳам ғазабовар. Ниҳоят вақте худи ронанда сӯроғаи дақиқро аз дигар ронандаҳо пурсон шуд, дарк кардам, ки, воқеан, намедонистааст. Вақти фаромадан ронанда ба ҷойи узр пурсидан, баръакс ба дағалгуфторӣ шуруъ кард. Гӯё ман зоеи вақташ шуда бошам. Дар ҳоле, ки хатоии худи ӯ боиси саргардонии ҳар дуи мо гардид”.
Ин ва дигар далелҳои монанд аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳақиқат, вақти он расидааст, то сатҳи фаҳму фаросати баъзе аз ронандаҳои таксиҳоро ба сатҳи навгониҳои соҳаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти азизи кишварамон мувофиқ карда бошем. Агар муболиға нашавад, таксӣ ҳам оинаи шаҳр аст. Ҳазорҳо худиву бегона имрӯзҳо аз он истифода мекунанду аз таассуроти лаҳзаинае, ки савори таксӣ мебардоранд, на танҳо ба сифати хизматрасонӣ, балки ба урфу одату одобу одамгарии мо – соҳибхонаҳо, баҳо медиҳанд. Ва ҳам аз рӯи адолат нест, ки рафтори чанд тан аз ронандаҳои таксӣ тамоми кӯшишҳои моро дар самти беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии муосири нақлиётӣ дар пойтахт камранг ба намоиш гузоранд. Пас, аз масъулони ширкатҳои дастандаркор пофишорона тақозо мешавад, ки дар ин самт низ, ҷиҳати ҳалли масъалаи мавриди назар, мушкили ҷузъӣ ва дар айни ҳол хеле муҳими ҷамъиятӣ ба бетаваҷҷуҳӣ нуқта гузоранд. Ё шумо андешаи дигар доред?!
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”