Ҳар парвозе, ки мо – шаҳрвандон, ҳамарӯза тариқи ҳавопаймо анҷом медиҳем, таъмини бехатарии он аз ҷониби яке аз сохторҳои муҳими Авиатсияи граждании Тоҷикистон – Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» амалӣ мешавад. Дар вақти парвозҳо мутахассисону кормандони соҳа бехатариро кафолат медиҳанд ва барои ин масъулияти бузург бар дӯш доранд. Ин кори заҳматталаб аз кормандону мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дониш ва таҷрибаи баланд талаб менамояд, ки худ шоҳиди фаъолияти масъулиятноки онҳо гаштем.
Бо тасдиқи шоҳидони ҳол муваффақият ва дастовардҳои ҳамаҷонибаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» имрӯзҳо аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба авиатсияи гражданӣ мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ кормандону мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 33 ҳазору 379 киштиҳои ҳавопаймоӣ хидмат расондааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 дарсад зиёд мебошад. Сабаби зиёд шудани хизматрасониҳо, пеш аз ҳама, барқарор гардидани иҷрои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва афзудани ҷуғрофияи парвозҳо, ҳамчунин, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ зиёд иҷро шудани парвозҳои транзитӣ мебошад.
ТЕХНИКА ВА ТАҶҲИЗОТИ ЗАМОНАВӢ
Барои босифат анҷом додани хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, таъминот бо таҷҳизот ва технологияи замонавӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Махсусан, барои ҳар кадом аз назоратчӣ ё худ диспетчер таҷҳизот ва технологияи муосири назорати киштии ҳавопаймо зарур мебошад. Ҳамчунин, дар дигар самтҳои фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» таъминот бо таҷҳизот дар мадди аввал меистад. Барои мисол, дар доираи таҷдиди майдонҳои чархболнишини як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, насбу васл кардани воситаҳои радиотехникӣ, метеорологӣ, дастрасии маълумотномаҳои рақамӣ аз майдончаҳои метеорологии Мурғоб, Хоруғ ва Ванҷ то шаҳри Душанбе ба анҷом расонда шуд. Ҳамзамон, Барномаи муосири низоми автоматикунондашудаи банақшагирии парвозҳо VOLANTIS-3.0 ба истифода дода шуда, дар ин раванд, нишондодҳои пешгӯии метереологӣ тибқи низоми TAF, дар маҷмуъ, 90,5 дарсадро ташкил дод, ки ин аз малакаи касбии кормандони ин ниҳод гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин бора Даврон Шодмонбекзода, муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, иттилоъ дода, гуфт, ки таъмини маълумоти метеорологӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими таъмини бехатарии парвозҳо ба шумор рафта, бо ин мақсад, дар ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ, Данғара, Лахш ва шаҳрҳои Исфара, Хоруғ таҷҳизоти метеорологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардиданд, ки барои муайян намудани ҳарорат, намнокӣ, фишори атмосфера, суръат ва самти шамол пешбинӣ шудаанд.
РӮ БА ҶАҲОНИ ФАЗОИ ҲАВОӢ
Дар баробари таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикон, ташкилот ва созмонҳои бонуфузи соҳавии авиатсияи ҷаҳон, ба ин васила, муаррифӣ намудани иқтидори авиатсия ва аэронавигатсияи кишвар ва баланд бардоштани нуфузи он чораҳои саривақтӣ андешида истодааст. Бо ин мақсад, роҳбарияти корхона дар Саммити сарварони кишварҳои аъзои CANSO таҳти унвони рамзии «Ҷаҳони фазои ҳавоӣ-2024 – Airspace World-2024», ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария доир гардид, иштирок намуда, бо директори генералии CANSO, директори минтақавии кишварҳои аврупоии CANSO ва директори генералии ERA мулоқотҳои судманд анҷом дод, ки, ба ин васила, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда заминаи хубе гузошта шуд. Дар доираи ҳамкориҳо директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO Николас Ралло ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ба фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» баҳои баланд дод. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо ба имзо расидани Созишнома оид ба шомил гардидани таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба сафи аъзои SOCEA, саҳми корхона дар таъмини бехатарии парвозҳо дар минтақаҳои Аврупо ва Осиё боз ҳам баланд бардошта мешавад. Барои анҷоми босифати корҳои сатҳи байналмилалӣ мутахассисони соҳа ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дар давлати Ҷопон курсҳои такмили ихтисосро оид ба таҳия ва гузарондани санҷиши муқаррароти парвозҳо (FPD Flight Validation) бо муваффақият хатм намуданд. Илова бар ин, роҳбарони парвозҳо дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербург аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як теъдод корҳои муҳими бунёдиву навсозии бинову иншоотҳоро ба сомон расонд. Тибқи нақша-чорабинӣ, дар филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд маркази мавҷқабулкунии ёрирасонро аз таъмиру тармим бароварда, сохтмони манораи муназзимиро идома дода истодааст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»