Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо оқибатҳои офати табиат дар ноҳияи Ишкошим гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ Насрулло Маҳмудзода ба деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонг омад. Гурӯҳи корӣ якҷо бо роҳбарияти вилоят ва ноҳияи Ишкошим, нахуст, аз мавзеи офати табиат дидан намуда, сипас бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зонг мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр дошт, ки аз нахустин лаҳзаи рух додани офати табиат дар ин мавзеъ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии раиси вилоят ситоди корӣ таъсис гардида, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиат корҳои муайян анҷом дода шуданд. Маҳз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дастуру супоришҳои мушаххаси Президенти мамлакат буд, ки имрӯз гурӯҳи кории босалоҳияти Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии котиби Шурои амният ҷиҳати шиносоӣ бо оқибатҳои офати табиат ва бартараф намудани хисороти он ба ин Ҷамоати дурдаст ташриф оварданд. Ҳамаи ин ғамхориҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Пешвои муаззами миллат дар тамоми лаҳзаҳо дар канори мардуми зарардида мебошанд.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар суҳбат бо сокинон зикр кард, ки бо дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ман ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо вазъи баамаломада ва шароити зиндагии зарардидагон ба назди шумо ташриф овардам. Номбурда изҳор дошт, ки сокинони мамлакат, бахусус ВМКБ, солҳои охир шоҳиди рух додани чандин ҳодисаҳои табиат гардиданд. Имрӯзҳо на танҳо дар ноҳияи Ишкошим, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ чунин офатҳои табиат зиёд рух медиҳанд, вале бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Роҳбари ғамхору раиятпарвари давлат, хисороти офатҳои табиат дар вақтҳои кӯтоҳтарин бартараф гардида, зарардидагон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мешаванд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар ноҳияи Ишкошим дар пайи ин ҳодисаи нохуш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокиноне, ки дар ин ҳодиса манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои нав сохта, бо ҳамаи таҷҳизоташон ба зарардидагон супурда мешаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”