12-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуданд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металлҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории барои иқтисоди кишвар муҳим истиқбол менамояд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои ширкат дар Тоҷикистон ояндаи наздик то ду баробар афзун мегарданд.