Дар нимсолаи аввали соли равон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаро нисбат ба 694 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 460 нафар ба анҷом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намуданд.
Ин нуктаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 258 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи умумии 251,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути тадбирҳои андешида аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 240,5 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Комрон САФАР