Ман сокини пойтахт ҳастам, аммо солҳои охир бо фарзандонам дар Амрико зиндагӣ мекунам. Бо бемории кӯррӯда (аппендисит) бистарӣ шудам. Ҳарчанд дар Амрико низ табибон хеле меҳрубон ҳастанду бо тамоми ҳастӣ донишу кӯшиши худро барои табобати беморон равона мекунанд, аммо тарзи табобати онҳо каме фарқ дорад. Аз ин хотир, аз фарзандонам хоҳиш намудам, ки маро ба Ватан фиристанд, то бевосита муолиҷаи худро дар ин ҷо, дар зодгоҳам шаҳри Душанбе идома диҳам. Ҳамин тариқ, дар беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе бистарӣ шудам. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки воқеан ҳам, пизишкони тоҷик дар қатори табибони беҳтарини дунё мебошанд ва таҷриба ва малакаи баланди касбӣ доранд.
Миннатдории самимонаи худро ба табибони ин беморхона, махсусан ба сартабиб Абдураҳимзода Бобохон Исмат, духтури табобатӣ ва мудири шубаи эндоҷарроҳӣ Алимов Самариддин Умарович, ҷарроҳ Нуров Хуршед Сайдумарович, сарҳамшира Рустамова Зайнура мерасонам. Маҳз муомилаи нек, муносибати ғамхорона ва донишу салоҳияти касбии онҳо сабаб мешавад, ки садҳо беморон шифо ёфта, дар ҳаққи эшон доимо дуои нек менамоянд. Беҳуда нест,ки табибонро сабабгори асосии тандурустии мардум меноманд. Кор дар соҳаи тиб хеле душвору мураккаб ва масъулиятнок буда, на ҳар кас дар замони муосир аз уҳдаи он баромада метавонад. Вале табибони ин муассиса бори дигар собит намуданд, ки ворисони арзандаи Ибни Сино ҳастанд. Дасти шумо дардро набинад, табибони ҳозиқ ва ҳамшираҳои меҳрубон! Дар фаъолияти минбаъдаатон, ки барои зиндагии шоиста ва наҷоти инсонҳо бахшида шудааст, барору комёбиҳо таманно дорам.
Бо эҳтиром, Гулчеҳра КАМОЛОВА, сокини шаҳри Душанбе