13-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ветнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сидқан табрик намоям. Ба Шумо сиҳатмандии комил, дар фаъолияти ҳизбӣ ва давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ветнам сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам.
Тоҷикистон ва Ветнам аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бархурдоранд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем.
Изҳори умед менамоям, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.
Аз ҷониби худ омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ин раванд ба тадбирҳои муассири дуҷониба, аз ҷумла муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома диҳем».