Дар доираи амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонӣ ва созандагӣ бомаром идома доранд. Ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи вилоят иншооти нави аҳамияти иҷтимоию иқтисодидошта мавриди истифода қарор мегиранд ва ба диёри табиатан зебои кӯҳистон ҳусни нав зам мекунанд. Дар ин бора муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад чунин изҳори назар намуд:
– Тайи ду соли охир, баъди он ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи нави рушди ин минтақаи кӯҳистони мамлакат эълон гардид, раванди созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилоят суръату сифати бесобиқаро касб намуд. Дар ин давра барои сохтмони иншооти стратегӣ зиёда аз 3,6 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар ду соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории ба вилоят равонашуда 670 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони боз 641 иншооти дигар дар нақша аст. То охири соли равон ба ифтихори ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва дигар санаҳои муҳим зиёда аз 300 иншоот ба истифода дода мешавад.
– Миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри XX, баъди ҳазор соли нокомиҳо, ба истиқлолияти комили давлатӣ даст ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки марҳалаи созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Дар 9 соли аввали соҳибистиқлолӣ таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот аз ҷумлаи вазифаи асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Сарфи назар аз буҳрони иқтисодию молиявӣ дар он солҳои душвор, дар ВМКБ се иншооти стратегӣ – ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Помир 1”, шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб, НБО «Андарбак» дар водии Язгулом мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони навбати аввали қитъаи шоҳроҳи Абрешим – Мурғоб – Кулма шуруъ шуд, – гуфт Сафарзода Шарифхон.
Ҳадаф аз овардани ин далелҳо он аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ рушду ободии Кӯҳистони Бадахшон таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар вилоят беш аз ҳазор иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, мактабу муассисаҳои табобатӣ, садҳо километр роҳҳои мошингард бунёд ва навсозӣ гардида, давра ба давра татбиқ шудани ҳадафҳои стратегии давлат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат намуданд.
Дар доираи амалисозии амри Президенти мамлакат оид ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, давоми панҷ сол сохтмони қариб 1400 иншоот дар назар аст. Айни замон, дар вилоят амалисозии лоиҳаҳои бунёд ва навсозии қитъаи шоҳроҳи Абрешим аз маркази ноҳияи Дарвоз – шаҳраки Қалъаихумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон дар масофаи 109 километр бо маблағгузории қариб 2,5 миллиард сомонӣ, Неругоҳи барқи обии “Себзор”, кӯпруки мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, навзозии қариб се километр роҳ, бунёди нақби мошингузар ва долонҳои зиддитармавӣ дар қитъаи роҳи харобшудаи Бердибекобод – Колхозободи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма дар ноҳияи Шуғнон бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад. Тибқи нақша, ин иншоот дар пешорӯи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, сохтмони қитъаи шоҳроҳи Абрешим аз даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон то сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин ба масофаи 531 километр, бунёди роҳҳо аз маркази вилоят то ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, ба кор андохтани корхонаҳои калони саноатӣ дар ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим бо ҷалби маблағҳои хориҷӣ дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар қаламрави вилоят ба маблағи 416,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ иҷро гардиданд. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар маҷмуъ, имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят беш аз 50 корхонаи нав бунёд карда мешавад.
Соли гузашта дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва соҳибкории “Помиринвест-2023” байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ зиёда аз 30 шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки бештари онҳо ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ иртибот доштанд ва дар доираи амалисозии онҳо дар маркази вилоят 18 лоиҳа амалӣ гардид. Имсол бошад, дар Форуми байналмилалии сармоягузории ”Помиринвест-2024” бештар аз 50 шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ ба имзо расид ва қисми бештари шартномаҳо ба ташкили корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ алоқаманд мебошанд.
Бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки таҳти ҳидоят ва роҳнамоии созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди теъдоди зиёди иншоот, бахусус корхонаҳои саноатӣ, маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят симои худро куллан тағйир дода, боз ҳам бештар рушд хоҳанд кард.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”