«Овози тоҷик» 100-сола шуд, ҷашни имрӯза барои ҳамаи мо – мардумони соҳибтамаддун, ваҳдатовару сулҳдӯст, заҳматкашу фарҳангофари Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷашни фархунда, ҷашни дӯстӣ, иди бузурги таърихиву фарҳангӣ ба шумор меравад.
Ҷашни якасраи «Овози тоҷик» иди тамоми зиёиён, адибон, олимон, рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек ва ҳамаи онҳоест, ки бо рӯзнома, ва дар маҷмуъ матбуот сари кор доранд. «Овози тоҷик» яке аз аввалин рӯзномаҳои расмии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули раванди худшиносӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва такомули матбуоти даврии 100 сол пеш ва баъди он нақши муҳим гузоштааст.
«Овози тоҷик»-ро имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар алоқамандон мехонанд, чи тавре ки пештар онро сардафтари адабиёти муосири тоҷику ӯзбек устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил, Мутеулло Наҷмиддинов ва бисёр дигарон мутолаа мекарданд ва бо он ҳамкории эҷодӣ доштанд.
«Овози тоҷик» дар ташаккули мактаби касбии рӯзноманигорӣ ва рушди матбуот заминаи мусоид фароҳам овардааст. Мактаби садсолаи он, коргоҳи эҷодии он, аз як тараф, дар матбуоти даврии тоҷик таҷрибаи рӯзноманигориро такомул бахшид, аз ҷониби дигар, ҳамчун ташкилотчӣ дар таъсис ва нашри рӯзномаву маҷаллаҳои зиёди шаҳриву ноҳиявӣ саҳм гирифт.
«Овози тоҷик» дар давраи аввали фаъолияти худ (солҳои 1924-1930) барои тарғиби ғояҳои ҳокимияти шуравӣ дар ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, илму фарҳанг талош намуда, муҳитеро ба вуҷуд овард, ки барои ташкили мактаби бузурги эҷодӣ ва ташаккули низоми матбуоти даврии тоҷик мусоидат кард. «Овози тоҷик», агар дар солҳои аввали фаъолият бештар мардумро тавассути мақолаҳои ташреҳиву тарғибӣ ба мутолааи рӯзнома даъват карда бошад, баъдан, бо зиёд гардидани теъдоди хонандагон, аҳли мутолаа ва фаҳмро ба ҳамкории эҷодӣ даъват намудааст.
Масъалаи ба халқ наздик кардани рӯзнома ҳамеша зери назари кормандони «Овози тоҷик» қарор доштааст, ки дар баррасии он шахсиятҳои касбу кори гуногун иштирок намудаанд. Ин нашрия хонандагонашро на танҳо аз воқеияти дохиливу хориҷӣ воқиф намудааст, балки бо чопи мақолаҳо доир ба нашрияҳои маъруф барои шинос шудан ба фаъолияти онҳо ва бардошти сабақҳои касбӣ низ мусоидат намудааст.
Аз шумораи 288 аз 13-уми декабри соли 1928 нашрия бо мақсади ёрӣ ба мухбирони ҷавон замимаи «Роҳнамои мухбирон»-ро таъсис дод. «Роҳнамои мухбирон» дар самти тарбияи рӯзноманигорони ҷавон, асосан, ба ду ҷиҳат эътибор додааст. Аввалан, тавассути чопи мақолаҳои дорои хислати назариву дастурӣ ба фаҳмиши сиёсӣ ва касбии мухбирон таъсири мусбат гузоштааст, баъдан, бо интишори мақолаҳои фарогирандаи сатҳу сифати рӯзномаҳо мухбиронро ба фаъолиятҳои амалӣ ошно сохта, ба такмили саводи касбӣ ва сайқали маҳорати онҳо мусоидат намудааст. Дар ин солҳо дар тарбияи рӯзноманигорон бештар ба ҷанбаҳои маърифатӣ эътибор медоданд.
Омили дигаре, ки «Овози тоҷик» дар ташаккули афкори рӯзноманигорӣ ба роҳ мондааст, чопи матолиб доир ба ҳусну қубҳи нашрияҳои даврӣ мебошад.
«Овози тоҷик» дар кори ба омма фаҳмондани чи будани ҷарида ва рӯзнома, бедор намудани майлу рағбати мардум ба рӯзномахонӣ, ба шакл даровардани баъзе мафҳумҳои рӯзноманигорӣ, тарбияи журналистону адибон, шарҳу тавзеҳи вазифаҳои мухбирон, таъсиси нашрияҳои нав, ташкили рубрикаву гӯшаҳои махсус ва амсоли ин хизмати бузургеро ба анҷом расонда, ба ин васила, дар тарбияи мухбирон, ташаккули рӯзноманигории касбӣ ва матбуоти даврии тоҷик нақши бориз гузоштааст.
Рӯйи кор омадани рӯзномаи «Овози тоҷик» дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик воқеаи муҳим арзёбӣ мегардад. Тавассути рӯзнома халқи тоҷик ормони чандинасраи худро амалӣ сохт. Имрӯз, баъд аз 100 соли фаъолияти ин рӯзномаи таърихӣ мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки саҳми он дар бедории миллӣ ва сохтани давлати милливу рушди фарҳанги халқи тоҷик ниҳоят бузург аст.
100 соли пуршарафро ба аҳли кормандон ва хонандагони рӯзнома таҳният гуфта, пойдории бардавоми “Овози тоҷик”-ро таманно мекунем.
"ҶУМҲУРИЯТ"