Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба як иқдоми бузург, яъне дастгирӣ кардани табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирон, маъюбон, ятимон ва нимятимон, бори аввал аст, ки тамоми намуди нафақаҳо, бо назардошти иловапулиҳо аз андозаи нафақаи муқарраргардида, 30 дарсад индексатсия (зиёд) шуд.
Тавре ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, баён дошт, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуҳуми январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз якуми июли соли равон андозаи нафақаи беш аз 775 ҳазор нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, индексатсия карда шуд. Дар натиҷа, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 294530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар гардид. Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июли имсол нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт шуда истодааст.
27 ШАҲРУ НОҲИЯ НАҚШАИ ВОРИДОТИ АНДОЗИ ИҶТИМОИРО ИҶРО НАКАРД
Тибқи таҳлилҳо, дар ҷумҳурӣ 27 шаҳру ноҳия нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд, ки дар натиҷа, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 37 миллион сомонӣ ворид нашуд. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз ду миллиард сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, тахминан, 342 миллион сомонӣ афзудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон 9,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Ҳамзамон, ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар истироҳатгоҳҳо 4,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 дарсад зиёд мебошад.
То моҳи июли соли равон шумораи нафақагирон ба 815 658 ҳазор нафар расид.
Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки ҳоло аз шумораи умумии нафақагирон 164823 нафарашро маъюбон ташкил медиҳанд, ки ҳар моҳ барои нафақапулии онҳо 60,9 миллион сомонӣ пардохт мешавад. Хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 168 миллион сомониро ташкил кард.
Дилмурод Давлатзода дар охир чунин гуфт:
“Дар нимсолаи дуюми соли равон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фаъолияти худро тақвият бахшида, барои иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, пардохти саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин, идома додани ислоҳоти соҳа тавассути рушд ва такмили низоми қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад”.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”