Мир24. Ҳайати нозирони ИДМ дар Боку барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонии Озарбойҷон ба кор шуруъ кард. Дар маҷмуъ, ба ҷумҳурӣ тақрибан 150 нафар нозир омадааст. «Аз ин шумора 10 нозир дар асоси созишномаи дарозмуддат кор хоҳад кард.
Яъне, онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ба манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намоянд, бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо, аъзои ҳавзаҳо, комиссияҳои интихоботӣ ва намояндагони васоити ахбори омма мулоқот кунанд”, – гуфт муовини Дабири кулли ИДМ, нозири гурӯҳи нозирони ИДМ Нурлан Сейтимов. Рӯзи сешанбе нозирон бо аъзои Комиссияи марказии интихобот мулоқот намуданд. Ин, аллакай, 12-умин сафари нозирони кишварҳои ИДМ ба Озарбойҷон аст. Бинобар ин, онҳо дар кор ба таҷрибаи ғункардаашон такя мекунанд. Нозирон, аллакай, зикр мекунанд, ки маъракаи интихоботӣ дар ҷумҳурӣ оромона ҷараён дорад. Интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Озарбойҷон 1-уми сентябр таъин шудааст.
Ҳудуди 500 мактаб дар Ғазза мавриди тирборон қарор гирифт
Известия. Дар ҷараёни даргириҳои Фаластину Исроил аз 564 мактаби минтақаи Ғазза 477-тоаш тирборон ва тахриб шуд. Ҳуҷҷати дахлдор 12-уми август дар сомонаи Дафтари ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи СММ дар ҳудудҳои ишғолшудаи Фаластин нашр шуд.
Тибқи ҳисобҳои охирини хисорот, то 6-уми июл 344 муассисаи таълимӣ мустақиман осеб дида,133 муассисаи дигар дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар манотиқи наздик осеб дидааст. Ҳамин тариқ, дар миёни биноҳои осебдида 264 мактаби давлатӣ, 57 мактаби хусусӣ ва 156 мактаби Агентии Шарқи Наздики СММ оид ба ёрӣ ба гурезагони фаластинӣ ва ташкили кор мебошад. Дар гузориш, ҳамчунин, ба он таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, ки ба гуфтаи мақомоти мудофиаи шаҳрвандии Ғазза, аз октябри соли 2023, тақрибан 180 мактаб, ки ба макони зисти муваққатии гурезаҳо табдил ёфтааст, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Котиби давлатии Шурои амнияти Беларус пешниҳод кард, ки музокирот оид ба Украина дар Минск баргузор шавад
INTERFAX.RU. Котиби давлатии Шурои амнияти Беларус Александр Волфович дар ҳошияи форуми ҳарбӣ-техникии «Артиш-2024» ба хабарнигорон гуфт, ки Минск қодир аст, ҳамчун як платформаи амн барои музокирот дар бораи Украина амал кунад.
“Дар ин марҳала мо зарур мешуморем, ки ба ҳалли мусолиматомези муноқишаи Украина ва ташкили раванди музокирот ҳадди имкон ёрӣ расонем. Дар баробари ин, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то муколамаи муътадилро барқарор созем. Минск ҳамеша як платформаи амн барои чунин музокирот буд ва боқӣ мемонад”, – таъкид кард котиби давлатии Шурои амният.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Известия. Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ гуфт, ки ин Созмон мухолифи истифодаи бомбаҳои кассетӣ дар тамоми ҷаҳон аст.
Мир 24. Рӯзномаи «Вечерняя Москва» хабар медиҳад, ки мусоҳибаи Доналд Трамп, номзад ба мақоми президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо соҳибкор Илон Маск дар тули се соат дар шабакаи иҷтимоӣ ҳудуди як миллиард тамошобин ҷамъ овард.