Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар шаҳри Истаравшан 16, 5 га боғу токзори нав ташкил ва 14000 дарахти тут шинонда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 291 миллиону 354,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи рустанипарварӣ ба маблағи 140 миллиону 743,7 ҳазор сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 151 миллиону 110,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 126,6 ва 117,1 дарсад таъмин гашт.
Дар нишаст таъкид шуд, ки кишоварзони шаҳр дар ин давра дар майдони 30081,3 га кишти зироатҳо гузаронданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 118,2 га зиёд мебошад. Илова гардид, ки дар ин муддат дар майдони 3661,2 га картошка ва 1301,4 га пиёз кишт намуданд, ки мутаносибан 141,5 га ва 0,2 га зиёд мебошад.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
НАШРИ КИТОБИ АРЗИШМАНД
Нашриёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд китоби устоди ин Донишгоҳ Абдуваҳҳоб Воҳидовро таҳти унвони "Луғати мухтасари фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд" интишор намуд. Он аз маводи фаровоне иборат аст, ки аз гузару маҳаллаҳои шаҳр ва маҳалҳои атрофи он гирдоварӣ шудааст.
Муаллифи китоб зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар мураттаб сохтани луғат аз маводи зиёди тадқиқотӣ, рисолаҳо ва китобҳои олимону адибон, мисли Р.Ҳодизода, Б.Шермуҳаммадов, Р.Эгамбердиев, С.Иброҳимзода, П.Холов, В.Қосимов, Л.Назарова, М.Истамова, А.Зоҳидов ва дигарон истифода бурдааст.
– Дар асарҳои Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Болта Ортиқов барин нависандагони шинохтаи тоҷик, ки зодаи Самарқанд мебошанд, воҳидҳои фразеологии зиёдеро дучор меоем. Он ҳама ба хотири фардӣ кунондани гуфтори қаҳрамонҳои асарҳои худ ва қисман барои такмили забони адабӣ истифода шудаанд, – гуфт Абдуваҳҳоб Воҳидов. Ба таъкиди мавсуф дар лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд ҳанӯз воҳидҳои фразеологии зиёд фаровон истифода мешаванд, аммо баъзе воҳидҳои фразеологӣ дорои шакл ва маънои хосро касб намудаанд. Ин воҳидҳои фразеологиро бештар занҳои пиронсол истифода мебаранд.
– Ин кӯшиш иқдоми нахустинест дар ҷодаи омӯзиши воҳидҳои фразеологӣ ва, албатта, баҳри такмили минбаъдаи луғати мазкур А. Воҳидов бар асоси маслиҳат ва кумаки олимони саршинос талош хоҳад кард. Бо вуҷуди ин "Луғати мухтасари фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд"-и Абдуваҳҳоб Воҳидовро китоби арзишманд метавон арзёбӣ кард, – гуфт нависанда ва журналист Зоҳир Ҳасанзода.
Китоб аз 224 саҳифа иборат буда, зери таҳрири доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев нашр шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”