"ПАХТА. ДУРНАМО ИҶРО НАШУД"
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Кароматуллои Аторо, ки 25-уми январи соли 2024 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" зери унвони "Пахта. Дурнамо иҷро нашуд" ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Маҳз пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, маҳсулоти асосии он маводи пурқимати содиротӣ мебошад ва барои рушди иқтисодиёти мамлакат ҳамчун маҳсулоти стратегии кишвар боқӣ мемонад. Парвариши пахта яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дар соли 2023 ҳудуди 10 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакатро ташкил дода, сарфи назар аз тадбирҳои диверсификатсияи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, дар содирот (қариб 70 дарсади содирот) мавқеи асосиро ишғол мекунад. Пахтакорӣ қариб 20 дарсади аҳолии мамлакатро бо кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад.
Вазорати кишоварзӣ бо иштироки вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахшҳои хусусӣ вобаста ба стратегияи рушди пахтаи устувор ва дастгирии занҷираҳои истеҳсоли маҳсулоти экологии тоза конфронс баргузор намуд. Дар конфронс баррасии масъалаҳои гуногуни марбут ба рушди пахтакорӣ ва таҳияи самтҳои асосии стратегияи рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар соли 2024 майдони кишти пахта 174,9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8,6 ҳазор гектар зиёд мебошад. Инчунин, ба маблағи 95,5 миллион доллари ИМА 54,5 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиши гумрукӣ 20,5 миллион доллари ИМА ва аз рӯи ҳаҷм 13,6 ҳазор тонна зиёд мебошанд.
Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани пахтапарварӣ гаронии нархи маводи истеҳсолӣ (тухмии хушсифат, нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, истифодаи техникаи кишоварзӣ), тағйирёбии иқлим, таъмини оби полизӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, низоъҳо ва тағйирёбии нархҳо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати кишоварзӣ вобаста ба ваъзи мавҷудаи молиявӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои пахтапарвар ва беҳтар намудани ҳолати моддиву техникӣ дар солҳои 2023-2024 барои кишт 110 тонна тухмии чигити гурӯҳи элита, 4 трактори шудгоркунанда, 10 трактори байниқаторӣ, 7 трактори нақлиётӣ, 24 испор, 7 ядак, 15 заминнармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 2 заминҳамворкунак ва 4 тойбанди пахта дастрас кард.
Вобаста ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир ҷиҳати мутобиқсозии тухмӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироати пахта чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои масъул, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҳамоҳангии занҷираи истеҳсол, коркард ва раванди истеҳсоли зироатҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, дар доираи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ, инчунин, амалисозии Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2020, №566 қабул гардидааст, ба бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳа замина гузошта истодааст.
Зеваршои ЗЕВАРШО,
муовини вазири кишоварзӣ