Дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”- и шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ» баргузор гашт. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, инчунин, меҳмонон, олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории Фестивал-намоиш рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Таъкид гардид, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин зот дар ҷаҳон мебошад ва барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ба ақидаи олимон, гӯсфандони зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадима дошта, ҳанӯз дар асрҳои 5-6 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 3 миллион сар ва дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 144 ҳазор сар зоти гӯсфанди ҳисорӣ парвариш мешавад. Дар солҳои гуногун аз Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин, ба Федератсияи Россия ва Беларус интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо ба таври густурда парвариш меёбанд.
Дар идомаи чорабинӣ озмуни гӯсфанди гаронвазн баргузор гардид ва калонтарин зоти гӯсфанди ҳисорӣ бо вазни 192 кило аз хоҷагии "Сим-Сим"-и ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ ва соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ фурӯши гӯсфандони «ғолиб» бо усули музояда роҳандозӣ шуда, гӯсфандони хушзоти ҳисорӣ бо нархҳои то 35-40 ҳазор сомонӣ харидор пайдо карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол – ғолибони Фестивал-намоиш сипоснома ва маблағҳои пулӣ, инчунин, чун рамзи эҳтиром ба меҳмонон, намояндагони чорводорон аз хориҷи кишвар сипосномаҳои таъсиснамудаи Вазорати кишоварзӣ тақдим гардид. Сипас, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертии омоданамудаи хешро ба муносибати Фестивал пешкаши меҳмонон намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»