Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ доир ба таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият менамояд. Бояд зикр намуд, ки рейтинг соле як бор дода мешавад, аз ҷумла соли 2023 агентии рейтингии S&P Global Ratings, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги «B-/В»-ро бо дурнамои “устувор” сазовор дониста буд.
Инак, 16-уми августи соли 2024 Агентии рейтингии S&P Global Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ аз дараҷаи «B-» то «B» бо дурнамои “устувор” баланд бардошт.
Яке аз омилҳои болоравии рейтинги кишвар, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ мебошад ва он имкон медиҳад, ки кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд. Инчунин, ба афзудани нуфуз ва рейтинги фавқуззикри мамлакат таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир, интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»