Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Бӯстон бо вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил шинос гардид.
МИМҲД-и шаҳри Бӯстон хабар додааст, ки Дилрабо Мансурӣ дар Литсейи №1 ва Мактаб-интернати шаҳр бо вазъи омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва ҳолати таъмиру тармим шинос гардида, бо омӯзгорону тарбиятгирандагони Мактаб-интернат суҳбат намуд.
Муовини Сарвазир, ҳамчунин, бо рафти даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат идома дорад, шинос гардид.
Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии ДТММ
20-уми август вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия вохӯрда, бо шароити хизматии онҳо аз наздик шинос шуд.
Зимни вохӯрӣ вазир кормандону афсаронро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол доимо омода бошанд.
Қобили зикр аст, ки Дастаи таъиноти махсус ҳамеша аз ғамхории роҳбарияти олии мамлакат бархӯрдор буда, шаҳрвандони кишвар аз хизмати софдилонаи онҳо ифтихор доранд.
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ додааст, ки 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия баргузор мегардад.
Дар ҷаласа аъзои Шуро аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд. Дар доираи ҷаласа имзои Созишномаи ҳамкорӣ байнӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар назар аст.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария
19-уми август дар шаҳри Сюрих вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан баргузор гашт.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкории бонкиро байни Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ намуданд.
Тасдиқи гранти БОР барои беҳтар намудани хизматрасониҳои саломатии модару кӯдак
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии рушд аз ҷониби Бонк барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар се ноҳияи кишвар, аз ҷумла Айнӣ, Данғара ва Дарвоз, грант ба маблағи 30 миллион доллари ИМА тасдиқ гардид.
Лоиҳаи мазкур сохтмони як таваллудхонаи дорои 40 кат дар ноҳияи Айнӣ, таваллудхонаи дорои 80 кат дар Данғара ва беморхонаи дорои 100 кат дар Дарвоз бо технологияи гармидиҳиро дар бар мегирад. Лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака дар бораи саломатии модару кӯдак, ки ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад, кумак хоҳад кард.
Ҳушдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Вазорат ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, расондааст, ки Қонуни федералӣ аз 8-уми августи соли 2024, № 260-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия”, аз тарафи Президенти Федератсияи Россия имзо шудааст.
Тибқи он, будубош дар Россия давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шудааст (қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ буд).
Дар хабар омадааст, ки Қонуни мазкур аз 2-юми феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш шудааст, ки талаботи нави қонунгузориро дар самти муҳоҷират риоя намоянд.
Мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо раиси шаҳри Батуми
Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Гурҷистон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи сайёҳии ин кишвар, мулоқоти Камолиддин Муминзод бо раиси шаҳри Батуми Арчил Чиковани баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумита оид ба мавҷудияти имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор, дар Тоҷикистон маълумот дод.