Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023)
Соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ кафили устувории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ барои муваффақ гаштан дар шинохти ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳои худ имкон медиҳад. Шахсро ба ташаккул додани ҳувияти миллӣ, дарк ва эътироф намудани муносибати шаҳрванд нисбат ба давлат ва сиёсати давлатӣ, шинохтан ва иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳои худ водор месозад.
Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла эҳтироми арзишҳои фарҳангиву таърихиро низ дар бар гирифта, нисбат ба ҳифзу истифодаи оқилонаи мероси ниёгон ва танзими муносибатҳои осорхона бо ҷомеа муҳим мебошад. Инчунин, қобили таъкид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба қонуну қарорҳои як соҳа иктифо намекунад. Кормандони соҳаи осорхона на танҳо ҳуқуқҳои вазифавии худ, балки ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро низ бояд донанд, зеро маърифати ҳуқуқӣ дар замони муосир вазифаи тайёр намудани мутахассиси босалоҳият ва рақобатпазирро ба миён мегузорад.
Бо итминон гуфта метавонем, ки амалӣ гардидани чорабиниҳои марбут ба Соли маърифати ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки салоҳияти касбии кормандони осорхонаҳоро баланд бардорад. Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои муҳим равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла кормандони муассисаҳои пажӯҳишию фарҳангӣ ва низ маданӣ мусоидат менамояд.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ