Бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди озмоишгоҳҳо қабул ва амалӣ мешавад, ки ҳадафи ниҳоии он мутобиқ намудани озмоишгоҳҳои “Тоҷикстандарт” ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Мақсад аз воридсозии хатҳои нави технологии санҷиш, албатта, таҷҳизондани озмоишгоҳҳо бо технологияҳои навтарин ва, дар ин замина, такмил додани тартибу корбурди ташхиси маҳсулот ва харҷи ками вақт барои ташхис яке аз дастовардҳо дар ин самт мебошад.
Алҳол дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд тамоми намудҳои маҳсулоти хӯрока дар асоси талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ аз ташхис гузаронда мешаванд. Бо дастгирии роҳбарияти Агентии “Тоҷикстандарт”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир озмоишгоҳи Марказ бо таҷҳизоти муосир, ба монанди анализатори волтамперометрӣ (ТА-2) барои муайян намудани металлҳои заҳрнок, спектрофотометр (Spekol 1300), тинтометр (WSL 2) ҷиҳати ташхиси рангнокии равғани пахта, спектрометрии атомӣ-абсорбсионӣ (ICE 3000) барои муайян намудани маҳсулоти фортификатсияшуда, амплификатор (DTlite 5), печҳои муфелӣ, хушккунӣ ва анализатори Пан As барои муайян намудани арсен (марги муш) дар таркиби маҳсулоти хӯрока ва дигар таҷҳизот таъмин шудааст. Мутахассисони шуъба мунтазам ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гашта, ихтисоси худро такмил медиҳанд.
Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ вобаста ба ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ироа шуд, дар шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ як ҳуҷраи нав – ташхиси нишондиҳандаҳои микробиологӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил шуд. Таҷҳизоти куллан муосиру ҷавобгӯй ба талаботи рӯз, аз қабили стерилизатор, автоклав, термостат, ҷевони ламинарӣ, микроскоп ва лампаҳои ултрабунафш, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия мебошанд, аз ҷониби мутахассисон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ташкили ин ҳуҷра ба мутахассисони шуъба имкон медиҳад, ки дар вақти ташхис мавҷудияти бактерияҳои касалиовар, аз ҷумла салмонеллаҳо, бактерияҳои гурӯҳи қаламчаи рӯда, бактерияҳои стафилококки тиллоӣ, бактерияҳои мағорро дар маҳсулоти хӯрока муайян намоянд.
Дурнамои фаъолияти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар солҳои минбаъда низ барои ҷиҳозондани озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти навтарин, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамалакат, бахусус саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ташкили семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои мутахассисон ва соҳибкорон, ташхиси дақиқу саҳеҳ ва таъмини бехатарии молу маҳсулот, татбиқи қарору барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ равона мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”,
Ғайбулло МУҲИДДИНОВ, сардори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд