Профессори Донишгоҳи Ҳорварди Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷаноби Ричард Фрай Доктори ифтихории илми Донишгоҳи давлатии ба номи Ленини Тоҷикистон шуд. Раиси Донишгоҳ Фозил Тоҳиров дар маросими ботантана ба шарқшиноси маъруф шаҳодатномаи доктори ифтихориро супурда, зикр намуд, ки муаллифи китобҳои нодири «Мероси Эрон», «Таърихи Бухоро», «Таърихи Нишопур», «Асри заррини Эрон» ҷаноби Ричард Фрай барои хизмати арзандааш дар рушди илму фарҳанги тоҷик ва тарғиби кишварамон дар хориҷа ба ин унвони илмӣ соҳиб гашт. Ба расми хотира ба меҳмони олиқадр тоқӣ ва ҷомаи беқасаб тақдим намуданд. Устод Ричард Фрай тоқиву ҷомаи тоҷикиро пӯшида, ба забони форсӣ сухан кард, ки шуниданаш аҷаб гуворо буд.
– Соли шасту ҳаштум маро ба Тоҷикистон, ба Кӯнгураи байналмилалии кӯшоншиносон даъват намуданд, ки он ҳам бо кӯшиши шодравон Бобоҷон Ғафуров буд, – гуфт ҷаноби Ричард Фрай, бовар кунед, ҳатто, муаллимони таърихи Донишгоҳи мо исми Тоҷикистонро шунида, ба тааҷҷуб омаданд, ки он чӣ гуна ҷумҳурият аст ва тахмин карданд, ки кишваре дар қитъаи Африқо аст... Вақте ки таърихшиносон дар кадом гӯшаи ҷаҳон ҷойгир будани Тоҷикистонро намедонанд, пас аз аҳолии одӣ чӣ ҷои гила? Ба хурсандии бузург, ки феълан бисёрии америкоиён доир ба Тоҷикистону халқи тоҷик ва фарҳанги зебои Шумо тасаввурот доранд, зеро дар тули солиёни охир дар рӯзномаву моҳномаҳо роҷеъ ба Тоҷикистон хабару мақолаҳои фаровон ба табъ расиданд. Номи диёратон дар гуфторҳои радио ва намоишҳои телевизиони Америка садо медиҳад. Аз шарофати тарғибот дари Тоҷикистон ба рӯи америкоиён каме кушода шуд. Боулдер бо Душанбе, Линколн бо Хуҷанд бародаршаҳр аст ва аз омадурафт меҳри одамон ба ҳамдигар гармтар мегардад. Шодам, ки аз мулки қадимаи Тоҷикистон чаҳор маротиба дидан кардам. Тоҷикистон хонаи меҳрам буда, ҳар дафъа гӯё ба Ватани дувум меоям! Магар аз Ватан дил кандан осон аст? Тоқӣ ва ҷомаи беқасабро чун ду пораи Тоҷикистон ба Америка ҳадя мебарам. Бигзор, дар манзилам аз онҳо бӯи сарзамини тоҷикон ояд ва ҳар сол дар Ҷашни Наврӯз тоқиву ҷомаро мепӯшам, то дар фасли нозанини баҳор худро чун домод ҳис намоям... Сипосгузорам, ки хизмати ночизро қадр намуда, ба ман унвони доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро доданд. Шоду фаррух бошед, дӯстони меҳрубон! То боздид!
Ҳ. МАҚСУД, «Тоҷикистони шуравӣ», 1-уми майи соли 1991, омодасоз
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, «Ҷумҳурият»