Бозиҳои гурӯҳии Чемпионати CAFA анҷом ёфт
Бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 17-сола анҷом ёфт.
Чемпионат бо ширкати 6 дастаи узви Ассотсиатсия дар ду гурӯҳ 17-уми август оғоз гардид. Тими наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар гурӯҳи “А”, ки шоми 21-уми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт, аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, ҷойи дуюмро гирифт. Футболбозони навраси мо дар бозии аввал дастаи Қирғизистонро мағлуб карда буд (3:0).
Ҳамин тариқ, тибқи низомнома дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки дар гурӯҳҳо ҷойи аввалро гирифтанд, ба финал роҳ ёфтанд. Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо тими наврасони Эрон вомехӯрад. Ин бозӣ 23-юми август доир мегардад.
ШОҲМОТ
Фаррух Амонатов дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар АМА пирӯз шуд
Шоҳмотбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар Фестивали байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар равияи блитс, (бозии босуръат) ғалаба кард.
Ӯ дар 11 давр 9,5 хол ба даст овард. Намояндаи Италия Лоренсо Лодичи низ 9,5 хол гирифт, аммо аз рӯйи нишондодҳои иловагӣ зинаи аввал ба шоҳмотбози тоҷик дода шуд.
Дар ин равияи бозии шоҳмот дар АМА 333 шоҳмотбоз иштирок кард. Аз ҷумҳурии мо ба ғайр аз Фаррух боз 3 нафар ширкат дошт.
Фаррух Амонатов дар байни шоҳмотбозони Тоҷикистон ягона гроссмейстери байналмилалӣ мебошад. Ӯ ба ин унвон соли 2002-юм дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мушарраф гаштааст.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Пирӯзии чор размандаи тоҷик дар мусобиқаи АСА
Дар шаҳри Москва мусобиқаи навбатии АСА (Absolute Championship Akhmat, Чемпионати мутлақ ба номи Аҳмад) баргузор шуд. Дар он 17 муҳориба доир гашт, аз ҷумла 5 муҳориба бо иштироки варзишгарони тоҷик.
Намояндагони Тоҷикистон Анис Ёқубов бар Сайгид Абдуллоев (аз Россия), Оятулло Муъминов бар Абдулкарим Бадахшӣ (аз Афғонистон), Ҳофиз Сақибеков бар Ҷиҳод Юнусов (аз Россия) ва Давлатманд Чӯпонов бар Алишер Асамов (аз Ӯзбекистон) пирӯз гаштанд.
Дар муҳорибаи марказии мусобиқа Беҳрӯз Зуҳурови тоҷик бо Глеб Ҳабибуллин вохӯрд. Ҳарифон бераҳмона мубориза бурданд ва ғалаба насиби Ҳабибуллин шуд.
Пас аз мусобиқа роҳбарияти ACA тасмим гирифт, ки якбора ба ду набард – Глеб Ҳабибуллин – Беҳрӯз Зуҳуров ва Ҷиҳод Юнусов – Ҳафиз Сақибеков – барои “Беҳтарин мубориза” мукофотпулӣ диҳад (50 ҳазор доллари ИМА ба ғолиб, 25 ҳазор доллар ба мағлуб).
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”