Боиси таъкид аст, ки сокинони ноҳияи Ашт дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди деҳотро мумфарш карда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониро дар сатҳу сифати баланд амалӣ менамоянд.
Чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи ба номи Шарифҷон Мараҷабови деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт оғоз ёфт. Бино ба иттилои масъулин, бо саҳмгузории сокинону соҳибкорони ноҳия 3 км роҳ бо паҳноии 6 метр мумфарш мегардад, ки хароҷоти умумии он зиёда аз 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари корҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон буда, пудратчӣ ҶДММ «Фурсат» мебошад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки то имрӯз беш аз 60 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки дар соли 2024 таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузарондани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1005,8 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 км таъмири асосӣ, 364,8 км таъмири ҷорӣ ва 528,9 км шағалӯш мебошад.
Сокинони сарбаланди ноҳияи Ашт изҳор доштанд, ки ободкорӣ мароми мост ва барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ минбаъд низ дар ободии маҳал саҳмгузор хоҳанд буд.
Саъдулло МАХКАМОВ,
рӯзноманигор