INTERFAX.RU. Дар ҷараёни боздидаш аз Украина Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ният дорад бо Президент Владимир Зеленский имкони ҳалли мусолиматомези буҳрони Украинаро баррасӣ намояд. Моди дар изҳороташ гуфт: "Ман бесаброна интизори идомаи гуфтугӯҳои қаблӣ бо Зеленский дар бораи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули афкор дар бораи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украинаро дорам". Сарвазири Ҳиндустон афзуд, ки ба барқарорсозии зудтари сулҳу субот дар минтақа умедвор аст.
Моди 23-юми август бо даъвати Зеленский аз Украина дидан мекунад.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон таъкид намуда буд, ки ин як сафари таърихӣ аст, зеро Сарвазири Ҳиндустон бори аввал дар тули беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ба Украина меояд.
Озарбойҷон барои пайвастан ба БРИКС аризаи расмӣ пешниҳод кард
Мир 24. Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон Айхон Ҳоҷизода хабар медиҳад, ки Озарбойҷон аризаи расмии шомил шудан ба БРИКС-ро пешниҳод кардааст. 3-юми июл дар нишасти сарварони Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона “Эъломияи муштарак дар бораи барқарории шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” қабул шуд. Дар он ҷониби Озарбойҷон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор намуд. Чин, дар навбати худ, аз ташаббуси Озарбойҷон истиқбол кард. БРИКС як Созмони байниҳукуматӣ аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Аъзои БРИКС Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Эфиопия, Эрон ва АМА мебошанд.
СҶТ: «Обилаи маймун ба мисли COVID-19 таҳдид намекунад»
CentralAsia (CA). Бино ба иттилои Asia Today, Ҳанс Клюге, роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, изҳор доштааст, ки паҳншавии бемории обила (нағзак)-и маймун барои кишварҳои аврупоӣ ҳамон хатареро, ки коронавирус дошт, надорад.
Вай бар ин назар аст, ки обилаи маймун бемории COVID-и нав нест.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар минтақаи Аврупо ҳар моҳ тақрибан 100 ҳолати нави бемории обилаи маймуни штамми дуюм ба қайд гирифта мешавад. "Мо медонем, ки чӣ гуна ба бемории обилаи маймун дар минтақаи Аврупо мубориза бурдан мумкин аст ва, инчунин, дар бораи чораҳое, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ бояд андешида шаванд", – гуфтааст Клюге.
Вирус дар Ҷумҳурии Демократии Конго паҳн шудан гирифт ва баъдан ҳолатҳои сироятёбӣ дар Бурунди, Кения, Руанда ва Уганда ба қайд гирифта шуд. Ҳафтаи гузашта дар Шведсия аввалин ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт гардид.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Известия. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира», бар асари бомбаборони неруҳои исроилӣ дар мактаб, бозор ва хонаҳои истиқоматии Ғазза 52 нафар кушта шуд.
CentralAsia (KZ). Директори департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Россия Микаэл Агасандян хабар дод, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба зудӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи субот дар минтақа як силсила машқҳо баргузор мекунад.
Известия. Рӯзномаи London Daily News хабар дод, ки Камала Ҳаррис расман номзад аз Ҳизби Демократ дар интихоботи қарибулвуқуи президентии ИМА тасдиқ шуд.
Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ