Ба бунёди бинои иловагии беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
Дар Тоҷикистон барои нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба бемориҳои сироятӣ, беҳдошти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешавад. Маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сиҳатии омма соҳаи афзалиятнок маҳсуб шуда, аз тарафи давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт таҳкиму густариш меёбад.
Ба маълумоти Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, бинои нав аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа, аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат аст.
Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд аз калонтарин беморхонаҳо дар вилоят буда, дорои 12 шуъбаи махсусгардондашудаи ташхисию табобатӣ ва 290 кат мебошад. Дар он 52 табиб ва 135 корманди миёнаи тиб ба кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»