13 медали тими Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалии амарқанд
Дар Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо "1st Samarkand Open Uzbekistan International Championships" доир гашт.
Дар он беш аз 4000 варзишгари синну соли гуногун аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зӯр озмуд.
Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода, миёни ҷавонону калонсолон дар равияи кёруги ба гирифтани 13 медал: 3 тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд. Маҳмадҷон Суннатов (-68 кг) миёни калонсолон, Ҷонибек Нигматов (-78 кг), Сумайя Абдуҳабибзода (-46 кг) миёни ҷавонон медали тилло ба даст оварданд.
Медалҳои нуқраро миёни ҷавонон Анӯшервон Мусоев (-48 кг), Бону Темирова (-46 кг), Бибиоиша Шарифова (-68 кг) сазовор гаштанд. Насиба Боқиева (-67 кг) миёни калонсолон, Шаҳром Давлатов (-45 кг), Субҳон Раҷабзод, Сорбон Назаров (ҳар ду -51 кг), Комрон Давлатов (-73 кг), Аниса Кантаева (-44 кг), Мария Полторакова (-52 кг) миёни ҷавонон медали биринҷӣ гирифтанд.
ҶУДО
Паҳлавонони ҷавон дар Чемпионати Осиё ширкат меварзанд
29-уми август – 1-уми сентябр дар шаҳри Мунгйонги Ҷумҳурии Корея Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, миёни наврасон 169 варзишгар аз 16 давлат, миёни ҷавонон бошад, 165 варзишгар аз 17 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавон: Фирӯз Маҳмадбеков (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Илҳомиддин Раҷабов (-73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг) ва Александра Кан (-57 кг)-ро ба Корея сафарбар менамояд.
ТЕННИС
Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мешавад
Ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 1 то 7-уми сентябр мусобиқаи анъанавии байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар мусобиқа варзишгарони беш аз 20 давлат ширкат хоҳанд кард. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва ҷуфти омехта доир мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда буд. Соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.
ФУТБОЛ
Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон
Дар бозиҳои аввали даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки 23-25-уми август баргузор мешаванд, ҳафт дастаи лигаи олӣ ва як даста аз лигаи аввал – “Шодмон”-и Ҳисор иштирок мекунанд.
Дар ин давр «Шодмон»-и Ҳисор бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Бохтар бо «Хуҷанд», КМВА бо «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе бо «Истаравшан» вомехӯранд.
Бозиҳои ҷавобӣ 30-31-уми август ба нақша гирифта шудаанд. Аз рӯйи натоиҷи бозиҳо ҷуфтҳои даври нимфинал муайян хоҳанд шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”