Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар додааст, ки дар доираи ҷаласа баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Федератсияи Рос¬сия дар назар аст.
Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Мероси ниёгони бузург – асоси эҳёи сеюм»
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Марка¬зи исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода дар Ӯзбекистон дар Конгресси байналмилалӣ иштирок дорад.
Дар Маркази исломшиносӣ ба хабар¬нигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш зиёда аз 300 олим ва мута¬хассиси шинохта аз 35 кишвари дунё ширкат меварзанд.
Дар он масъалаҳои гуногун, аз ҷумла Осиёи Миёна дар давро¬ни то исломӣ, ҳаёти маънавӣ ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ дар ин давра, масъалаҳои асосии мероси маънавӣ ва нодираҳои мероси сарчашмашиносӣ, мавриди баррасии мутахассисон қарор гириф¬танд.
Ба имзо расидани созишномаҳои грантӣ
Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имконияти занони деҳот» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд.
Вазорати молия хабар медиҳад, ки созишномаҳоро 23-юми август вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонк хо¬нум Шени Кемпбел имзо намуданд.
Арзиши лоиҳаи аввала 17,5 миллион доллари ИМА ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» 30 миллион долларро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки мазкур таъмин мегардад.
Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе
«25-уми август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фир¬давсии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, хар¬буза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду аз соли 2018 ба ҳукми анъана даромада, ба муаррифии дастранҷи кишовар¬зон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст. Дар ин рӯз заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод карданд.
Заминаи нав барои табодули таҷриба байни табибони Тоҷикистон ва Эрон
Байни Донишкадаи таҳсилоти баъдидипло¬мии кормандони соҳаи тандурустӣ ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон Созиш¬номаи ҳамкорӣ барои ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа ба имзо расид.
Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ додааст, ки Созишномаи ҳамкорӣ 23-юми август зим¬ни вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Донишгоҳи мазкур Алиризо Золӣ ба имзо расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор наму¬данд.
Машварати Ассотсиатсияи бонкҳо вобаста ба роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ
23-юми август бо ибтикори Ассотсиатсияи бонкҳо ва даст¬гирии Бонки миллӣ дар Маркази таълимии Бонк дар шаҳри Гулистон барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии вилояти Суғд таҳти унвони «Роҳҳои пеш¬гирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ» машварат баргузор шуд.
Дар хабари пахшнамудаи АМИТ «Ховар» ома¬дааст, ки машварат бо мақсади баланд бардошта¬ни сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ доир гарди¬да, дар он мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии вилоят дониш ва ҷаҳонбинии касбиро васеъ намуданд.