Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву ка¬нори Ватани азизамон дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ мебошад. Дар ноҳия имконияти рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас мавҷуд аст. Дар ноҳия бо на¬зардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд, – иброз дошт Хуршед Наи¬мов, мудири бахши рушди сайёҳии ноҳия.
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо фароги¬рии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сох¬та шуда, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахши¬да ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии да¬раи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони Ҷамоати деҳоти Аскалон пешбинӣ гардидааст.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳауз (меҳмонхонаи хурд), 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр бо фарогирии зиёда аз 1400 ҷойи нишаст, 1 маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ ва 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд. Дар мувофиқа бо Ва¬зорати нақлиёт дар шафати роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сохтмони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз сохтмони 15-тои он ба анҷом расида, дар истгоҳҳои дигар корҳо бомаром идома доранд. Дар зами¬наи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, хӯроки умумӣ ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.
Дар ним соли аввал ба ноҳия 2392 нафар сайёҳу меҳмон, аз ҷумла 2247 сайёҳи дохилӣ ва 145 сайёҳи хориҷӣ, ворид гардидаанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”