Сокинони ноҳияи Зафаробод корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд. Натиҷаи ҳамин ободкориҳост, ки дар деҳаи Бахти деҳоти Равшани ноҳия Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, сохтмони майдони Боғи Парчами давлатӣ моҳи январи соли равон бо ташаббуси сокинон оғоз шуда, маблағи он 260 000 сомониро ташкил медиҳад. Баландии сутуни Парчам 18 метр буда, майдон 0,2 га масоҳат дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншоот ташаббуси сокинони ватандӯстро шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки парафшонии Парчами давлатӣ дар деҳа боиси ифтихори ҳар сокини он аст.
Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳраки Зафаробод шинос гардид. Бино аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нормаматзода сохта мешавад, ки аз 6 ошёна ва 108 ҳуҷра иборат мебошад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома доранд.
Раиси вилоят, ҳамзамон, бо сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Равшан шинос шуд. Бинои иловагии Муассиса барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз ду ошёна иборат буда, дорои 13 синфхона, ошхона, маҷлисгоҳ барои 250 нафар ва толори варзиш мебошад.
Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ соли равон ба анҷом мерасанд.
ОБОД КАРДАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ
Дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бо иқдоми оилаи Ҳасановҳо аз ҳисоби маблағе, ки барои адои ҳаҷ пасандоз гардида буд, чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Маблағи сарфшуда барои кофтани чоҳи амудӣ 530 ҳазор сомонӣ буда, чуқурии чоҳ 150 метр аст. Бо дарозии 7 километру 200 метр хатти оби нӯшокӣ кашида, 68 нуқтаи обрасонӣ ташкил шуд.
Чуноне маълумот гирифтем, имрӯзҳо дар тамоми вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбанд, ки ин гувоҳи ободкору созанда будани мардуми тоҷик аст.
КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ АСФАЛТИ ҶСК “ҶАСУР” ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “РОҲАТ” ДАР ДОИРАИ ТАДБИРҲОИ ҶАШНӢ
Дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода коргоҳи истеҳсоли асфалти ҶСК “Ҷасур” ифтитоҳ ёфт.
Корҳои сохтмонии коргоҳ моҳи феврали соли равон оғоз гардида, моҳи августи соли равон ба итмом расиданд. Тамғаи асфалти истеҳсолшаванда БЗ 117 буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар як соат 30 тоннаро ташкил медиҳад.
Сипас, раиси вилоят ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи Байналмилали шаҳраки Зафаробод оғоз бахшид. Дарозии роҳ 600 метр ва паҳноиаш 5 метр аст. Фармоишгари корҳо соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Нормаматов мебошад. Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бояд ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат бахшида, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирем.
Дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод маркази хизматрасонии “Роҳат” мавриди истифода қарор гирифт.
Маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Шаҳзод Амонов бунёд гардид, ки маблағи умумии сохтмон 2 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод. Марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ва ошхона пешбинӣ гардида, дар ошёнаи дуюм барои машқу тамрини варзишгарон шароит фароҳам шудааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”