Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши тарбуз, харбуза каду ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду таҷлил шуд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду аз соли 2018 ба ҳукми анъана даромада, ба муаррифии дастранҷи марди деҳқон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.
Дар ин рӯз заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод карданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид, ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши ин маҳсулоти полизӣ ва манфиати он тавсияҳо доданд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти полизӣ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинону меҳмонон гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар майдони 23632 гектар маҳсулоти полизӣ кишт гардидааст, ки 18614 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад. То якуми августи имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565310 тонна маҳсулоти полизӣ ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19281 тонна бештар мебошад.
Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд, маҳсулоти кишоварзӣ тарғиб, дастранҷи марди деҳқон муаррифӣ шавад, анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз эҳё ва деҳқонон аз таҷрибаи зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ гарданд. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат карда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба иштирокдорони намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартӯр», «барафшонӣ», «мирзочӯлӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпӯчоқ», «ҷӯрақанд», «наботи сафед», «ширинпӯчоқ», «шакарпалак», «шакарпора», навъҳои каду – «гаҳворакаду», «палавкаду», «ошкаду» ё «чӯбкаду» пешниҳод гардиданд.
Дар ин бора, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Лоиқ Тӯйчизода, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”