Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул, дар ҳамкорӣ бо Созмони «International World in Korea», таҳти унвони «Tajikistan Day-2024» чорабинӣ баргузор гашт.
Дар он имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, доираи васеи мақомоти фарҳангиву сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Корея иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Роҳҳои нави ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии ширкати Ҷусур («Qatar Manpower Solutions Co.» (Jusour) Абдулҳодӣ Бахит Барқан мулоқот намуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла роҳҳои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатарро баррасӣ намуданд.
«DIVA International Diplomat»
Нашри мавод оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон
Дар маҷаллаи «Diva International Diplomat»-и Швейтсария оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим матлаб ба нашр расид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар мусоҳиба ҳифзи захираҳои обии минтақа ва сарфаи онҳоро муҳим хонда, бобати ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки ба пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, сухан гуфтааст.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”