23-юми август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншоот бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда истодаанд.
Дар ноҳияи Данғара раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва роҳсозии ноҳия огоҳ гардид. Раиси вилоят аз раванди корҳои сохтмонии роҳи нақлётии 18,5-километраи байни деҳаҳои Ҳусайншайх, Лоларух, Булёни Боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамин шинос шуда, ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯ гардондани ин роҳи маҳаллӣ ба мутахассисон тавсияҳои судманд дод.
Иттилоъ доданд, ки роҳи мазкур бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, чунин тадбир дар дигар маҳаллаву деҳот вусъат меёбад. Зимнан, раиси вилоят бо роҳбарияти ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи нави таълимии якошёна воқеъ дар деҳаи Навобод боздид намуданд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур барои 300 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ мувофиқ ба талаботи меъморӣ босуръат идома доранд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон, ҳамчунин, аз раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии дуошёна, воқеъ дар деҳаи Булёни Болои ноҳия шинос шуданд.
Тибқи иттилоъ, муассисаи мазкур барои 1080 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар баробари корҳои баанҷомрасида, дар иншоот ба масъалаи ободу зебо намудани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинондани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.
Раиси вилоят дар шаҳри Норак бо ҷараёни корҳои сохтмониву созандагӣ дар НБО «Норак», корхонаи истеҳсоли равған, беморхонаи марказии шаҳр баъд аз таъмиру навсозӣ, варзишгоҳи марказӣ шинос шуда, таъкид намуд, ки бояд иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд сохта шаванд.
Ҷиҳати арзанда истиқбол намудани Рӯзи дониш ва Истиқлоли давлатӣ ба роҳбарият ва масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Инчунин, раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил, кишти такрорӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дастуру супоришҳо дод.
Раиси вилоят дар ҷараёни сафари корӣ аз мушкилоту камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулон ва фаъолонро вазифадор кард, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.
Раиси вилоят қомат афрохтани иншооти ҷашниро дар ноҳия аз иқдомҳои шоиста унвон карда, роҳбарияти ноҳияро муваззаф намуд, ки чунин амалҳои ободкориро дар дигар деҳаҳо ба роҳ монанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"