Чанде қабл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони саршиноси тоҷик, ИМА, Франсия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон бахшида ба гиромидошти собиқ президенти Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар доираи он асари тоза таҳти унвони «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик» рӯнамоӣ шуд.
Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зикр кард, олими барҷастаи тоҷик Муҳаммад Осимӣ аз поягузорони Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон “Пайванд”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, Академияи илмҳои Афғонистон ба ҳисоб рафта, дар рушди илми ватанӣ саҳми шоиста дорад.
Боиси зикр аст, ки дар таҳияи ин асари пажӯҳишӣ олимони ҳафт кишвари дунё ширкат варзида, масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии фарҳанги бадеии тоҷикон аз дирӯз то имрӯз ва саҳми донишманди барҷаста М. Осимиро ба риштаи таҳқиқ кашиданд.
Дар асари дастаҷамъӣ, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги бадеии тоҷикон ва хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ шудааст.
Баргузории даври интихобӣ ба Олимпиадаи байналмилалии «IMSO-2024»
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илм даври интихобии 21-умин Олимпиадаи байналмилалии «IMSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ ва математика баргузор гардид, ки дар он 48 хонандаи то синни 13-сола аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ширкат намуда, 11 нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоии Олимпиада роҳхат гирифт.
Боиси зикр аст, ки даври ниҳоии 21-умин Олимпиадаи байналмилалии «IMSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ ва математика, ки рӯзҳои 1-6-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Венчжуои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, Тоҷикистонро 11 ғолиби даври интихобӣ: 6 нафар аз фанни математика ва 5 нафар аз фанҳои табиатшиносӣ муаррифӣ менамоянд.
Олимпиадаи байналмилалии «IMSO» аз соли 2004 инҷониб доир мегардад ва дар он ҳамасола намояндагони 20-25 давлати дунё ширкат меварзанд. Ёдовар бояд шуд, ки хонандагони тоҷик дар ин сабқати илмии сатҳи баланд аз соли 2015 иштирок дошта, аз ҷумла соли 2023 дар шаҳри Богори Индонезия аз 12 хонанда (бо тариқи фосилавӣ) 5 нафар сазовори ҷойи сеюм гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»