30-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиду навсозии Неругоҳ соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо 35 миллиону 193 ҳазор евро равона гашт.
Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми Неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бо пахши тугма агрегати таҷдидшударо ба кор дароварда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Айни ҳол марҳалаи якуми корҳои навсозӣ дар Неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди се гидроагрегати дигар, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии се ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, стансияҳои насосии Неругоҳ, системаи идора ва назорат ба анҷом расид.
То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз навсозӣ гардидани ду гидроагрегати Неругоҳ, дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт)-а ба дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо раванди корҳои иҷрошуда дар дарбанди куравии гидроагрегати №4 шинос шуданд. Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.
Ҳоло дар иншоот барои навсозии гидроагрегати навбатӣ бо ҷалби кормандону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпаймонкори он Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” омодагӣ мебинанд. Ғайр аз ин, дар Неругоҳ навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, ивазнамоии автотрансформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми Неругоҳ баъди навсозӣ 24-уми октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд ва ҳоло бо иқтидори 375 мВт фаъолият менамояд.
ИФТИТОҲИ ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ”
30-юми август дар шаҳри Норак Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи “Равғани олии Норак”, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ, беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Хатҳои истеҳсолии корхона таҷҳизоти насли нави давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, фаъолияти онҳо бо истифода аз ангишт сурат мегирад.
Ашёи хом, яъне офтобпараст, барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Қазоқистон ворид мешавад. Барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани маҳсулот мутахассисон онро аз чор марҳала гузаронда, дар зарфҳои махсус, ки, дар маҷмуъ, иқтидори ғунҷоиши то 60 тонна равғанро доранд, дар асоси талаботи муосир захира менамоянд.
Корхонаи нави саноатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (2022-2024) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСК “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд ёфт.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати саҳм гузоштан дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар намуна ва арзандаи дастгирӣ маънидод карда, бунёди корхонаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот омили муҳим арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуданд.
Истеҳсоли собун, пас аз коркарди дубораи партовҳои корхонаи равғанбарорӣ, бо истифода аз хатҳои нави технологӣ сурат мегирад.
Дар шаҳри Норак бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат аз бахши хусусӣ бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Имрӯз дар шаҳри Норак беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо, асосан, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа барои дастгирӣ аз ин гуна иқдомҳои созанда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса саноатикунонии босуръати кишвар, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
БУНЁДИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК
30-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгар Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶСК “САНИИОСП” таҳия шуд. Варзишгоҳ аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012”, “Толокор”, “Насби нур”, “Абубакри Дилшод”, “Таҷҳизоти аср” ва “Зевар” бунёд ёфта, барои сохтмону таҷҳизондани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардид.
Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар доман густурда, дар он барои машқу тамрин ва машғул шудан бо намудҳои гуногуни варзиш тамоми шароит фароҳам аст.
Биноҳои дохили варзишгоҳ аз чор қисм иборат буда, қисми якум дуошёна ва боқимондаи он якошёна мебошад. Дар қисми якуми варзишгоҳ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 15 ҳуҷра мавҷуд мебошад. Қисми дуюм дорои 9 ҳуҷра ва 5 маркази савдост.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои чор даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, иншоот, ҳамчунин, бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъминанд.
Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ биноҳои ёрирасон, аз ҷумла системаи барқтаъминкунӣ, ҳавзи оташнишонӣ ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт, сохта шуданд.
Дар иншооти варзишӣ 26 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш вазифадор намуда, барои тарбияи варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳоло дар шаҳри Норак ду мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуд: футбол, волейбол, тенниси рӯи миз, гӯштиҳои тарзи озод, самбо, юнониву румӣ, ҷудо, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, бокс, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 19 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғул аст. Аз ин шумора 9 мураббӣ дорои маълумоти олии варзишӣ ва 10 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Дар мактабҳои номбурда дар 46 гурӯҳ, беш аз 600 варзишгар тамрин мекунад, ки аз ин шумора 65 нафарашро бонувон ташкил медиҳад.
БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ НОРАК ПАС АЗ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ
30-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бинои асосии беморхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 190 ҳуҷра, аз ҷумла 132 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 136 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллуд, амрози даруна, занона, ҷарроҳӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати беморхонаи мазкур наздики 6 гектарро ташкил медиҳад.
Корҳои навсозию бунёдӣ дар беморхона бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ ба модару кӯдак», ки ба таври пилотӣ дар чор шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид, иҷро шуд. Дар ин раванд, дегхонаи нав, ҳуҷраи либосшӯӣ ва безараргардонӣ бунёд ёфт.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа, ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас шуда, кормандони онҳо ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Дар рафти сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ тамоми шуъбаҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шуданд.
Иттилоъ додаанд, ки бинои асосии беморхона солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо таъмирталаб шуда буд. Таъмиру навсозии он бо ҷалби мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Сохтмон 3” соли 2022 оғоз гардид. Коргарон ҳангоми сохтмон аз масолеҳи аълосифати ватанӣ истифода бурда, корҳоро дар муҳлати муайянгардида бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир ба анҷом расонданд.
Иншоот туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.
Дар баробари иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ, ба муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷаи гурда, аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 730 ҳазор доллари ИМА ворид гашт.
Шароити муосир дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, имкон медиҳад, ки табибони шаҳри Норак ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро дақиқ ба роҳ монанд ва барои сокинон дар сатҳи баланд хизмат намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони беморхонаи марказии шаҳри Норак ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ пас аз таъмиру навсозӣ мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 67-ҳазорнафараи шаҳри Норак дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гардид. Барои табобати саривақтии бемориҳои гуногун ба ҳайати беш аз 360-нафараи кормандону табибони ин муассисаи тандурустӣ шароити хубу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам омад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхонаи марказии шаҳри Норак барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар шаҳри Норак 25 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 100 табиби ботаҷриба ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонад.