Дар ин чанд рӯзе, ки бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар минтақаҳои гуногуни кишвар будам, ҳикмати гуфтаҳои гуҳарбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”-ро амиқтар дарёфтам.
Дар мулоқотҳо дидам, ки чи тавр иштирокдорон ва волидони онҳо бо эҳсоси баланди худшиносӣ, завқу шавқи беандоза ба Озмун омодагӣ медиданд. Ҳар яке аз иқдоми маърифатпарваронаи Роҳбари давлатро истиқбол намуда, шукронаи амну осоиштагӣ ва шароити хуби таҳсил мекарданд. Ҳам дар вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳам дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ шоҳиди баромади муваффақи насли умедбахши миллат, шахсони касбу кори гуногун гардидам.
Вақте навраси 14-сола аз шаҳри Исфара ба ҳайати ҳакамон аз хондани наздик 600 асар аз бузургтарин адибони ҷаҳонӣ гуфт, кас ангушти ҳайрат мегазад. Ӯ озодона бо забонҳои русиву англисӣ достонҳои калонҳаҷмро бо мароқи том аз ёд мегуфт. Аҷибаш он ки, хоҳари ӯ соли гузашта дар даври ҷумҳуриявӣ ғолиб омадаасту имсол довталаб ҳамроҳи модараш дар даври сеюм ширкат меварзад. Ё модаре аз шаҳри Душанбе бо андӯхтани наздики 2 ҳазор ғазал аз нобиғагони шеъри форсу тоҷик бо нафосату қироати олӣ ҳайати ҳакамонро ба ваҷд овард. Дар шаҳри Бохтар анбӯҳи зиёди довталабон берун аз Озмун ба ҳар нафари омадаву рафта шеърҳои ватандӯстона хонда, бо ин васила дӯстдори китобу сухан будани худро нишон медоданд. Дар шаҳри Ҳисор духтаре аз шаҳри Ваҳдат бо қобилияти хондани достону қасида иштирокчиёнро ба ваҷд овард. Чунин навномварони парвозгоҳи олами сухану адабиёт дар кишвар кам нестанд ва ин истеъдодҳои нуҳуфтаро Пешвои муаззами миллат тавассути озмунҳои ҷумҳуриявӣ шоиста муаррифӣ намуда истодаанд.
Дар ин ҷо ман ба гуфтаи узви ҳакамон, олими соҳаи суханшиносӣ Ҳафиз Раҳмон комилан розӣ ҳастам, ки зимни суҳбат таъкид дошт, ки бояд ба озмунҳо мавсимӣ неву тамоми сол омода шавем. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки дар деҳҷойҳо фаъолияти китобхонаҳоро бозбинӣ намоем. Барои хонандагон шароити дурусти мутолааи китобро муҳайё созем. Ба волидон ҳушдор диҳем, то барои фарзандонамон ҳуҷраҳои алоҳида ва мизҳои дарстайёркунӣ муҳайё кунанд. То онҳо мусаллаҳ ба дониш шаванд, илм омӯзанд ва барои худ ва миллат хизмат намоянд. Имрӯз фурсате даррасидааст, ки тартибу низоми Озмунро ба ҳама фаҳмонем. Зеро пушти ин Озмун даҳҳову садҳои дигар мондаанд, ки мехоҳанд дониши худро санҷанд. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо тавассути Озмун аз эҷоди асарҳои баландмазмуни шоирону адибони худ бештар огаҳӣ ёбем. Зеро ҳангоми пурсиш аксари довталабон аз адибони муосир танҳо аз эҷоди шоирони бештар муаррифишуда медонанд. Аммо мо шоирони қавӣ, нависандагони хушсалиқаи дигар ҳам дорем, ки месазад осори онҳо байни халқ бештар муаррифӣ шавад. Шакли электронии ҳама гуна адабиётҳоро фароҳам оварем, то хонандагон тавонанд тавассути планшет ва дигар намуди воситаҳои муосир аз он баҳра бардоранд. Имрӯз фурсате расидааст, ки зимни санҷиши донишу маҳорат дар баробари довталабон падару модар, устодони онҳо низ дар толор ҳузур дошта бошанд, то онҳо низ ифтихор кунанд, ки фарзандашон аз баҳри илму маонӣ огаҳӣ доранд.
Тадбирҳои созандаи Пешвои муаззами миллат танҳо ба хотири баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, эҳсоси худшиносӣ, ватандории насли имрӯзу оянда маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик аз азал тамаддунофар, шаҳрсоз, фарҳангойин буд ва танҳо ба шарофати чунин иқдому ташаббусҳо мо аз мероси бой огаҳ мешавем ва маънавиётамонро ғанӣ месозем ва барои пешрафту шукуфоии он саҳм мегирем.
Роҳбари давлат борҳо дар баромадҳояшон таъкид медоранд: “Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст”.
Дар ҳақиқат рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ дар ҷаҳони муосир зуҳур мекунанд.
Вусъатбахшии маблағгузории соҳаи маориф, роҳандозии барномаҳои давлатӣ, сохтмони иншооти гуногуни соҳа, гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ имрӯз пояи маорифи кишварро устувор намуд. Бовар дорам, ки ҳамбастагии соҳаи маорифу фарҳанг барои баланд бардоштани обрӯю эътибори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ хизмати шоиста мекунад.
Дар ин ҷода узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидани “Саразм”, “Боғи миллӣ”, “Чакан”, “Ҷашни байналмилалии Наврӯз”, “Оши палав”, мусиқиҳои милии “Шашмақом” ва “Фалак” бешубҳа мақому манзалати мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебардорад.
Мо ҳоло дар пайравӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат шахсиятҳое дорем, ки аҳли олам онҳоро эътироф кардаанд. Дар муваффақтарин донишгоҳҳои олам намояндагони мо, хоса ҷавонон, чун беҳтарин пажӯҳишгар, коршинос эътироф шуда истодаанд. Ин ҳама ба шарофати иқдомҳои маърифатдӯстонаи Роҳбари давлат аст, ки айни ҳол ҳудуди 45 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсили илм дорад. Беҳтаринҳо тавассути стипендияи таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дониш меомӯзанд.
Дар тинати насли наврас ва ҷавонон бедор намудани вожаи Ватан, миллат, сарзамин, зодманд вазифаи аҳли ҷомеа аст. Хоса дар пешорӯи иди истиқлоли Меҳан бояд ин калимаҳои муқаддас бештар садо диҳанд. Мо аз насли ориёиву аҷамӣ будани худ ифтихор кунем ва миллатдӯстиро аз Роҳнамои миллат омӯзем.
МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон