Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Дар арафаи 33-юмин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатӣ нашриёти «Дор ал-фикр ал-арабӣ» дар Қоҳира китоби арабшиноси тоҷик Назруллоҳи Назарро бо номи «Ҷозибият-ул-Қоид» («Ҷозибаи Пешво») нашр намуд.
Аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ба мо иттилоъ доданд, ки муаллиф дар асари хеш корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, раванди бозсозӣ ва рушди бемайлони ҷумҳурӣ бо услуби бадеии шево ва ҷолиб баён кардааст.
Ёдовар мешавем, ки нашриёт қаблан шоҳасари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои шинохтаи мисрӣ ба забони арабӣ дар чаҳор ҷилд ду маротиба: солҳои 2009 ва 2011 чоп карда буд.
Сарвазир дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ иштирок намуд
2-юми сентябр, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазир дар маркази вилояти Хатлон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон доданд, аз номи Президенти ҷумҳурӣ мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатиро супурд. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Хуросон, Ҷайҳун ва Панҷ дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ширкат варзид.
Ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаршараи Ниагара
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА иттилоъ додааст, ки 9-уми сентябр шаршараи Ниагара рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос хоҳад кард.
Дар хабар омадааст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш ба муносибати Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ 9-уми сентябр соати 7:15 (бо вақти Душанбе), баробар ба 8-уми сентябр, соати 22:15 (бо вақти Ню-Йорк), ба вуқуъ хоҳад пайваст.
Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БОР
Маблағгузории лоиҳаи НБО «Роғун» ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо директори алтернативии Шурои директорони Бонки осиёии рушд Ним Дорҷи баррасӣ шуд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот, ҳамзамон, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ ва тандурустӣ, муҳокима гардиданд.
Омодагӣ ба Конфронси 29-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ялчин Рафиев ҷиҳати баррасии масъалаҳо вобаста ба омодагии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 29-уми СММ (COP 29), ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Боку доир мегардад, тариқи видеоӣ суҳбат доштанд.
Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба танзими чорабиниҳои сатҳи баланд дар робита ба мавзуи обу пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд.
Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба матраҳ гардиданд
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар суҳбат масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Бонки миллӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир шуд
«Яке аз омилҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ташаккули шууру фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони соҳаи бонкӣ мебошад, ки ба риоя ва дақиқ иҷро шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа мусоидат менамояд».
Ин нукта дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавӣ – омили муҳими муқовимат ба коррупсия» доир гардид, таъкид шуд.
Дар ин хусус ба хабарнигори мо дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.