«ВМКБ. ЧАРОГОҲҲО БА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАНД!»
Раёсати кишоварзии ВМКБ, нахуст, барои таваҷҷуҳ ба масъалаҳои кишоварзии вилоят изҳори сипос менамояд ва иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «ВМКБ. Чарогоҳҳо ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд!», -ро, ки 7-уми августи соли 2024 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, бо иштироки сардорону мутахассисони идораю муассисаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар мақола, асосан, дар бораи истифодаи ғайримақсадноки чарогоҳҳо, нобаробар тақсим кардани онҳо сухан меравад. Маҳз ба хотири ҳалли ин мушкилот бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҳолати истифодабарии чарогоҳҳо дар ноҳияҳои вилоят мавриди санҷишу таҳлил қарор гирифта, хоҷагиҳое, ки соҳиби чарогоҳанду чорво надоранд муайян шуда, барои чораҷуӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардиданд.
Беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо, таъмиру бунёди пулҳову роҳҳои чорвогузар дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ба нақша гирифта шуда, марҳала ба марҳала ба сомон расонда мешаванд.
Раёсати кишоварзии вилоят, филиали Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» дар ВМКБ-ро вазифадор намуд, ки барои бартараф кардани камбудиҳо чораҳои фаврӣ андешида, истифодаи самараноки чарогоҳҳоро минбаъд зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
Р. РАҶАББЕКОВ,
иҷрокунандаи вазифаи сардори
раёсати кишоварзии ВМКБ