22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон - ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.
Дар ҳамоиши “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ – 2023, баргузор карда шуд, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори генералии Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори генералии Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат Бруно Оберле ва муовини директори ЮНЕСКО Син Тсюя иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Подшоҳи Нидерланд Виллем – Александр низ, ширкат варзид.