Имрӯз шаҳри Истаравшан бо симои ҷолиби худ қалбҳоро тасхир месозад, зеро давоми се-чор соли охир дорои иншооти замонавии ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ гашт. Қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаи он навгонист. Биное ё коргоҳе бо тарҳи замонавӣ дари худро ба рӯи мардум боз мекунад. Ҳамин аст, ки саноати шаҳр дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзоиши тавлидоти маҳсулоти воридотивазкунанда боз чанд қадам пеш гузоштааст.
Ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, гуфт, ки чанде пеш раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Тавре маълумот гирифтем, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар шаҳр корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мешаванд. Дар яке аз чунин корхонаҳо, ки бо саҳми соҳибкор Икром Набиев ва аз тарафи ҶДММ "Сино медикал" бунёд мегардад, истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравӣ ба роҳ монда мешавад. ҶДММ "Сино медикал" дар вилоят нахустин корхонаест, ки истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравиро ба роҳ монда, маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол хоҳад кард. Барои бунёди корхона беш аз 10 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Дар корхона солона то 60 миллион дона сӯзандорӯ ва 5 миллион дона системаи қатравӣ истеҳсол мешавад. Ҳангоми ба фаъолият оғоз намудани корхона зиёда аз 120 нафар дар се баст бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Дар деҳоти Зарҳалоли шаҳр бо саҳми соҳибкор Дилшод Холмуродов корхонаи нави саноатӣ бунёд ва дар он истеҳсоли антифриз ба роҳ монда мешавад. Корхона дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мекунад.
Дар ҳамин деҳот, ҳамзамон, лоиҳаи коргоҳи бандубасти меваи хушки "Кишмиши Истаравшан" муаррифӣ гашт. Таъкид шуд, ки корхона бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад. Масоҳати он 1353 метри мураббаъ буда, дар он вобаста ба мавсими сол то 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад. Илова бар ин, дар шаҳр бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои бошандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан бинои наву замонавӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бино сеошёна буда, аз 22 синфхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар бинои нав имкон аст, ки то 300 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Дар шафати бино, ҳамзамон, маҷмааи варзишӣ низ сохта мешавад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”