Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинии канорӣ таҳти унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” хайрамақдам мегӯям. Бо истифода аз фурсат, ҳамчунин, миннатдории худро ба шариконамон – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ иброз менамоям.
Чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад. Ҳадаф аз он, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардондани ин ташаббус мебошад.
Итминони комил дорам, ки муколамаву мубоҳисаҳои судманд дар доираи ин чорабинӣ ба муайян сохтани диди ягона ва таҳияи харитаи роҳ барои соли 2025 мусоидат хоҳанд кард. Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Дӯстони гиромӣ!
Чуноне ки шумо медонед, ташаббуси мазкурро мо соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Эътилофи обу иқлим муаррифӣ намуда будем. Сабаби асосии пешниҳоди ин иқдом сол ба сол мубраму нигаронкунанда гаштани масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки идомаи ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мемонад.
Тибқи гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.
Танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст. Илова ба ин, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд. Ҳамаи ин, боиси ташвиши хеле ҷиддӣ аст.
Ҳозирони гиромӣ!
Албатта, обшавии пиряхҳо раванди бисёр ҷиддиест, ки онро наметавон бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё, ҳатто чандсолаҳо пешгирӣ намуд. Талошҳои зиёд, давомдор ва муштарак, аз ҷумла ҷиҳати пешгирӣ кардани гармшавии ҳарорати ҳаво лозиманд, то ки суръати обшавии пиряхҳо коҳиш дода шавад.
Ҳадафи пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.
Мо интизор дорем, ки қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъала барои пешбурди ин раванд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Мавриди зикр аст, ки қатъномаи мазкур санаи 21 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян намуд. Бо дарназардошти ин, шуруъ аз соли 2025 ҷаҳон се рӯз пайи ҳам аз 21 то 23 март ҷашнҳои марбут ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.
Ҳамчунин, мувофиқи ин қатънома, Бунёди махсус ҷиҳати дастгирии амалҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки метавонад барои пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун сафарбар намояд.
Тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Мо омодагии ҳамаҷонибаи мамлакати худро барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ иброз намуда, аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал меорем.
Қобили зикр аст, ки ин иқдом бо ташаббуси муҳтарам Дабири кулли Созмони Милал оид ба таъмини ҳамагонӣ бо низоми огаҳии пешакӣ то соли 2027 ҳамрадиф буда, таъмини ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич дар татбиқи онҳо метавонад самараи боз ҳам беҳтар диҳад.
Мо бар ин назарем, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳро барои соли 2025 таҳия намуда, раванди омодагиро ба Соли 2025 ва Конфронси болозикр фарогиру натиҷаовар ба роҳ монем.
Бовар дорам, ки таҷрибаву зарфиятҳои ЮНЕСКО ва Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки тибқи қатънома барои анҷоми тадорукоти Соли ҳифзи пиряхҳо муваззаф гаштаанд, ба татбиқи самараноки ҳадафҳои он мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард. Аз нигоҳи мо, Бонки ҷаҳонӣ, Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат, Эътилофи обу иқлим ва дигар шарикон, ҳамчунин, метавонанд дар муваффақ гаштани ин ташаббус саҳми муносиб гузоранд. Албатта, платформаи “Раванди оби Душанбе” барои пешбурди муколамаву мубоҳисаҳо дар ин самт замина ва шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Итминони комил дорам, ки талошҳои якҷояи мо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем. Ба ҳамаамон дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барори кор хоста, ба ҳамкории судманд дар ин ҷода даъват менамоям.
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!