Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Ҷашни мубораки 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар масири фаъолияташон ба натиҷаҳои шоистаи таҳсин ноил шудаанд, мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Дар миёни ҷоизадорон нависанда ва рӯзноманигори шинохта Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод низ шомил аст. Аз ин қадрмандӣ ҷамъи ҳампешагону эҷодкорон руҳбаланд шуданд. Зеро ки ба хидматҳои шоиставу нигоштаҳои ин рӯзноманигори чирадаст ва эҷодиёти адиби баркамол кайҳо боз ошноем ва аз килки сеҳрангезаш лаззати маънавӣ бардоштаем.
Сипеҳр дастпарвари мактаби миёнаи рақами 6-и ноҳияи Восеъ, хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1980), Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2006) буда, дар зиндагӣ роҳи душвори суханвариро интихоб намудааст. Фаъолияташ соли 1981 аз «Газетаи муаллимон» – нашрияи Вазорати маданияти Тоҷикистон, оғоз гирифта, дертар дар рӯзномаҳои «Роҳи ленинӣ» ва «Барои коммунизм» (солҳои 1982-1985) ба ҳайси хабарнигор ва котиби масъул кор кардааст. Минбаъд ӯ дар идораи фарҳанги Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, рӯзномаи «Садои коргар» (солҳои 1985-1996), дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба тариқи гузариш) ҳамчун нозири калон, сарнозир, и.в. сардори шуъбаи иттилоотӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Гумрук»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1997-2017) фаъолият кардааст.
Соли 2018 ба тариқи озмун ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омада, то ҳол аз ин минбари таблиғотӣ дар ташвиқу тарвиҷи сиёсати фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста мегузорад.
Осори публитсистии ӯ «Чакомаи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллати тоҷвар» дар нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва «Халқ овози» ба дастгирии ин фарзанди фарзонаи миллат ба маснади олии президентӣ ҳамовозӣ ба амал оварда буд. Ташаббус ва иқдомҳои наҷиби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ бо далоили муътамад ибратомӯз ва дақиқкорона ба қалам додааст.
Китоби ӯ “Офтобо, ба ғуруб марав...” (соли 2005) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст. Ҳамчунин, асари публитсистиаш «Ҳадиси ватандорӣ» фарогири дастовардҳои замони истиқлол ва нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ) ҳикоят мекунад.
Аз баҳои адабиётшиносон, мунаққидон ва суханварон пайдост, ки Сипеҳр бо сабки вижа нависандаи рангинхаёл аст. Дар эҷодиёти ӯ мавзуи меҳварии адабиёти бадеӣ-инсонгароиро мушоҳида менамоем. Маҷмуаҳои қиссаву ҳикоёти «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Офтобо, ба ғуруб марав...», «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Гулхани сабз», «Ҳадиси ватандорӣ» (ба 7 забон), «Дарёдилеву соҳиле...», «Турнаҳои мусофир», «Чароғи ҳидоят» дар шакли китоби алоҳида ва мухтасари романи ӯ таҳти унвони «Порисаеву ворисе» дар саҳафоти нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп расидаву истиқболи гарм ёфтаанд. Асарҳои нависанда бештар ба мавзуоти оила, маърифату инсонгароӣ, одобу фаросат, далерию шуҷоат, тарбияи одами нав, садоқатмандиву вафодорӣ, лафз ва шикасти нафс бахшида шудаанд.
Нигоранда хатти сужаи ҳикояро ҳунармандона ба риштаи тасвир кашида, қаҳрамононашро дар лаҳазоти шадиди зиндагӣ табиӣ ва ҷаззоб меофарад, ки хоҳу нохоҳ тасхир мешавед. Сипеҳр дар тасвири манзара ва руҳияи инсон бозёфтҳои эҷодӣ дошта, сухани гирову қавияш ба ҳадаф мерасад.
Сабки Сипеҳр бо содагиву муъҷазбаёнӣ аз дигар ҳампешагонаш тафовут дорад. Вай бештар ба сирати инсонҳо роҳ мепӯяд. Ин ақида дар ҳикояи «Сони сиёҳ»-и ӯ рӯшан ба дид омада, инсонҳоро ба муттафиқиву иттиҳод фаро мехонад. Алоқамандони каломи бадеъ ташнаи мутолааи осори мондагору пурмуҳтавоянд.
Нависандаи навҷӯю заҳматкаш Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар баҳри беканори эҷодиёти бадеии халқу шеваҳои гуногун ғӯта зада, вожа, ибораю таркиб, мақолу зарбулмасал меҷӯяд, то беҳтаринашро ба забони умумихалқию адабӣ ворид бисозад. Комгории ӯ дар ин ҷодаи душвор худ ҳунар аст.
Зафар Мирзоён, донишманди фозил, фарҳангшинос (ёдаш ба хайр!), пас аз мутолааи нигоштаҳои Сипеҳр изҳор доштааст: “Нависанда аснои бозгӯи воқеаҳо гоҳ-гоҳе аз вожаҳои зебои тоҷикӣ, аз ганҷурхонаи беҳамтои радифу қофияҳои он ҳунармандона истифода мекунад. Чунон ки дар ҳикояи «Шабпараки паёмбар» омадааст: «Бародарони пурҳасрати моанд, ки лаб-лаби рӯди пуртуғён ба лабон байти ғарибона, ҷӯяндаи порисаи вайрона, миёни одамони мулки бегона, аз туфангдорони худонотарс дарунсӯз ҷовидона надомат хӯранд, ки тамға сохтаасту берӯёна». Ё худ: «… аз таҳмон болои ҷевон, аз палос ба лаълии гелос, аз болишт ба гӯшаи хишт мечаспиду парвозӣ мерафт».
Як паҳлуи услуби баёни Сипеҳр Ҳасанзод, ки дархӯри аҳамият аст ва инҷониб онро талош дар беҳсозии забони насри тоҷик медонам, он аст, ки ӯ то ҷое имкон дорад, кӯшидааст аз анъанаҳои номатлуби як идда аз насрнависони тоҷики асри ХХ, мабнӣ бар истифодаи бемавриди гӯишҳои музофотӣ (дар гуфтугӯи персонажҳо низ), сарфи назар кунад. Шоиста аст ин нуктаро ёдовар шавам, ки, агар нависандагони зодаи ҳар кадом аз музофоти паҳнои забони форсӣ-тоҷикӣ, ба истилоҳ, ба хотири фардӣ кардани симоҳои бадеӣ, аз шеваи гуфтори музофоти хеш ифрот ба амал оваранд, забони адабӣ парешонтар хоҳад шуд.”
Холмаҳмад Мавлон, фарҳангшинос, перомуни эҷодиёти нависанда ин зайл ақида меронад: “Ҳама навиштаҳои ӯро рангу реша зиндагии хеле содаи мардуми диёр аст. Ҳама ҳарфҳояш мисли шиша шаффофанд, ки ба як хондан зуду сабук мазмунро мефаҳмӣ, на, ғалат гуфтам, бале ғояи воқеии асарро мебинӣ ва худ низ новоқифу бехабар иштирокдори ҳодисоти қиссаҳову ҳикояҳош мешавӣ. Яъне, ҳарири аз колои сухан бофтаи Сипеҳр малеҳу нафису нозуку парниёнист.
Сипеҳр ҳанӯз ҳам суботманду матин рӯи раҳи сухан меравад, мисли як минои рӯшани раҳнамое хоҳад буд, ҳидоятгар бар сӯи уфуқҳои то ҳанӯз нокушодаи чархи кабудбораи суханварӣ”.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои эҷодӣ мебошад.
Муаллифи 15 маҷмуаи насрӣ, як силсила мақолоти публитсистӣ, филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Мӯйсафед ва хирс», «Писарак» ва «Падар» буда, асари публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ» ба рамзи муҳаббати саршори ифтихормандӣ аз истиқлоли давлатӣ (соли 2014, ба 7 забон) ба табъ расида, ҳамзамон, аз ҷониби Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм барои китобхонаҳои мактабҳои миёнаву олӣ тавсия шудааст.
Гулчини ҳикоёт ва матолиби нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ, беларусӣ, фаронсавӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ рӯи чоп дидаанд.
Хизматҳои пурсамар ва бенуқсони Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста, аз мақомоти соҳа бо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишонҳои Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медалҳои «100-солагии матбуоти тоҷик», «20-солагии гумруки Тоҷикистон» ва дигар ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардидааст.
Мо низ, ба муроди тавфиқи бештар, нависандаи хушном Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро барои шарафёб шудан ба мукофоти давлатӣ – Корманди шоистаи Тоҷикистон, табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бозёфтҳои нави эҷодӣ таманно дорем.
Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА, академик